ДАРСИ КУШОД: «ТАЪРИХ ҲАҚИҚАТРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯД» 0 6 Мубодила кардан «Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузаштанест, балки он дурнамоест, ки роҳҳои ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад» Эмомалӣ Раҳмон Санаи нуздаҳуми ноябри соли 2025 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» дарси кушоду намунавӣ аз тарафи мудири кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ» омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷик Давлатова Сайлонбӣ дар гурӯҳи 107-и «Кори табобатӣ» шуда гузашт. Машғулият дар бораи давлатдории давлатҳои тоҷикон «Давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён» баён ёфт. Дар рафти дарс мо мушоҳида намудем, ки донишҷӯён оиди таърихи миллати хеш хуб бархурдор ҳастанд. Дар дарс омӯзгор аз наворҳои видеои ва айёниятҳои таълими истифода бурда, қисмати мустаҳкамкунии дарсро бо усулҳои фаъоли таълимӣ равнақ дод. Машғулият хубгузашт ,ҳамаи қисматҳои дарс ҳалли худро ёфт. Дар дарси кушоду намунавӣ намояндагони муассиса, муовини директор оид ба илм вамуносибатҳои байналмилалӣ. Маҳмудзода Қ.Н, муовини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ, Эмомова С.Х, сардори бахши сифати таҳсилот, Набиева Н.А, сардори шуъбаи методӣ, Абдураҳмонов К.Ҷ ва як қатор омӯзгорони ҷавон иштирок намуда ба дарс баҳои аъло доданд. МАЪМУРИЯТ Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 6 Мубодила кардан