БИЁ БО ҲАМ КИТОБ МЕХОНЕМ 0 0 Мубодила кардан Зери ин унвон, санаи 21 октябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси декани факултети «Кори ҳамширагӣ (курсҳои 1 ва 2 синфҳои 9)» -и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аксияи муассисавӣ гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани аксия баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодии донишҷўён ва ҷалб намудани донишҷўён ба китобхонию китобхона мебошад. Ёддовар мешавем, ки тули 6 сол мешавад бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузора гардида истодааст. Ва садорати факултет, низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош дорад, донишҷўёнро барои омода намудан ба ин Озмуни бонуфуз омода намояд. Инчунин, бояд қайд намоем, бо ибтикори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар қаламравӣ вилоят эълон гардидааст. Мақсади ин иқдом низ тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон бахусус ҷавонону наврасон мебошад. Дар баробари гузаронидани аксия ба донишҷўён китобҳои илмию бадеӣ тақдим карда шуд. Инчунин, як гуруҳ донишҷўён ба ҳолати китобхонаи муассиса шинос гардида, аз китобҳои дохили китобхона ва китобхонаи электронӣ, ки дорои 25 ҳазор китоб мебошад дидан намуданд. Ва ҳамзамон, як гуруҳ донишҷўёни курси якум ба китобхонаи муассиса аъзо гардиданд. Боева Умеда Маҳмадалиевна декани факултети «Кори ҳамширагӣ (курсҳои 1 ва 2 синфҳои 9)» Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан