ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР РИСОЛАИ МУҚАДДАСИ МО ҶАВОНОН МЕБОШАД

0 2

Ҳар  кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шудааст, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт. Дар он давра дар кишвар буҳрони сиёсию иқтисодӣ ба амал омада буд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қарор дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ 23 феврали 1993 юм сол дар Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он расман санаи таъсисёбии Кувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони  Истиқлолияти давлатӣ, буда вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми  шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ, ҳанӯз дар марҳалаҳои навини иқтисодӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  бунё ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонида шуда, эътибори ҷидди дода, дар баробари омодасозии мутахасисони соҳа,  ташкили воҳидҳои алоҳида, ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизотҳои муосир шуруъ намуд. Артиши Миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо иродаву азму қавӣ ҳаммаи мушкилиҳову марҳумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартаф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши Миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи офтоб ёфта, ҷангида, бо шуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ-рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ  муқаддас доштан ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ башарӣ истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чун ки вазъи зудтайѓирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои терористиву экстемистӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ва таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишварамонро халалдор созад. Месазад ки ҳар як ҷавонмарди бо нангу номи ватандӯсти мо бояд одои хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда ва саҳми арзандаи худро дар пешрафти Тоҷикистони азизу маҳбубамон гузорад.

 

 

 

Назирмадова Р.Г.

Муовини директор оид ба тарбия                       

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.