НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

0 1

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.

Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

Забони модарӣ аз рӯзи ба дунё омаданамон дар инкишофи сар яки мо нақши беҳамто мегузорад. Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забони ширину шоиронае, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Муъмин Каноату Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Барҳақ, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ — ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.

Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Ба ин мақсад мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда, ҷиҳати татбиқи он ва назорати иҷрои муқаррароти қонун дар сохтори Ҳукумат мақоми ваколатдорро таъсис додем, ки вазифаи он ҳамчунин тарғибу ташвиқи забони давлатӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад.

Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи хуб фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд.

Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд. Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.

Неру ва тавонмандие, ки забон дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст. Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд.

Ҳамзамон бо ин, қобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав, дунёи идеалӣ низ зуҳур меёбад. Он марбут ба мақсадгузорӣ, аз ҷумла, таъсиси давлати миллӣ, ба вуҷуд овардани дунёи маънавӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърих миллат (хонда шавад забон) ба сахттарин муқобилият ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд.

Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба омӯзиши беҳтару гиромидошти махсуси забони тоҷикӣ диққати махсус медоданд. Барои он, ки муҳим будани ин масъалаи мазкур бештар дарк шавад, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд.

Дар ҳақиқат, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошад, дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор гирад. Таърих шоҳиди барҳақ аст, ки бисёре аз миллатҳо бо аз байн рафтани забонашон маҳв гардиданд. Махсусан, раванди ҷаҳонишавӣ ин амалро пеш мебарад.

Дар Паёмҳои худ низ ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».

Тавсифҳои бисёр зебову мувофиқ, аз қабили «забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ», «сарвати муқаддас ва гаронбаҳотарин» аз муҳаббати Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ мебошад. Мо бояд ин муҳаббатро аз Пешвои миллатамон биомӯзем ва тавре баён доштанд, ба рушди забонамон эътибори аввалиндараҷа бидиҳем.

Валиева Ҳусниябону мудири кафедра “Забони ва адабиёти тоҷик”-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.