ПАРЧАМ- НИШОНИ ДАВЛАТДОРӢ

0 0

Бигзор, Парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад.

                                  Эмомалӣ Раҳмон

Тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон минбаъд ҳамасола 24 –уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16–и Шурои Олӣ қабул шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқи иборат аст

— рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поён- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст:

— рӯйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст;

— ранги сурх – мубориза ва ҷонисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;

— ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон;

— ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.

Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будаастт ва ба хотири ҳифзи он фарзандони миллат ҷоннисориҳо кардаанд.

Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ –яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву тақдирсоз сиву се сол пур шуд.

Чанд сол пеш мо ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ эълон доштем.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Имрӯз Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва соири ақсои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ, озоду ягона дарак медиҳад.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ –рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Ҳасанова Маҳтовбӣ

китобдори китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.