ОЗМУНИ «ОШЁНАИ БЕҲТАРИН» ВА «ҲУҶАРИ БЕҲТАРИН» ДАР ХОБГОҲИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 7

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” номзади илмҳои таърих муҳтарам Назарзода Ҷ.Ш. бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ, Конференсияҳои илмӣ-назарявӣ ва озмунҳои гуногун дар байни донишҷӯён гузаронида шудаистодааст.

Имрӯз дар хобгоҳи муассиса Озмуни «Ошёнаи беҳтарин» ва «Ҳуҷари беҳтарин» дар сатҳи баланди ташкили баргузор гардид. Мақсади асосии Озмун беҳтар намудани шароити зисту зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳ ва ҷалб намудани донишҷӯён ба зебопарсатӣ, тоза нигоҳ доштани атрофи хонаи худ, бедор намудани ҳисси рафоқат дар байни донишҷӯён ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ мебошад.

Дар натиҷаи Озмун «Ошёнаи беҳтарин» ва «Ҳуҷари беҳтарин»-и хобгоҳи муассиса муайян гардида, рӯзи 23-май дар чорабиниии тантанавӣ бахшида ба ин санаи фархунда қадрдонӣ карда мешаванд.

Каримзода Маҳбуба.

Раиси созмони ҷавонон-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.