НИГОҲИ ҶАВОНОН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

0 3

Хушбахтона имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Дар тӯли 33 соле, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, ҷавонон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Ҳамчунин муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон чашмрас аст. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонони имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.

Умедворем, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии хеш дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азиз ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Парфшон бод, дунёи ҷавонӣ!

Каримзода Шабнам

Омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.