Ҷавонон нерӯи пешбарандаи аҳли ҷомеа ба шумор мераванд, ки бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва суҳбату вохӯриҳои худ бо ҷавонон, ба тамоми масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххаси худро, ки барои пешрафт ва рушду нумуи ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи имрӯза зарур мебошанд, дода буд.
Мо ҷавонон бояд барои баланд бардоштани маърифати сиёсии худ бештар талош намоем. Истиқлолият, ки неъмати бузург аст мо ҷавононро водор мекунад, ки ба қадри ин ободи ва сулҳу субот расида бошем. Ва ман фикр мекунам, ки ҳамаи ин пешравиҳое, ки имрӯз мебинем самараи истиқлолиятанд.
Мо худро фарзанди истиқлол мешуморем ва Ватани азизамонро ҳамеша ҳифз менамоем. Маҳз ба хотири эҳтироми мо ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 23 майро Рӯзи ҷавони Тоҷикистон эълон доштанд, ки мо ҷавонон аз ин сарфарозем.
Зинда бод, ҷавонию ҷавонон бо Пешвои миллат!