ДАСТОНИ МОҲИРИ ЧЕҲВАРОНИ МО 0 4 Мубодила кардан Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» номзади илмҳои таърих муҳтарам Назарзода Ҷ.Ш. бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ, Конференсияҳои илмӣ-назарявӣ ва озмунҳои гуногун дар байни донишҷӯён гузаронида шудаистодааст. Имрӯз дар Маркази дузандагии «Дастони моҳир»-ӣ коллеҷ Озмуни муассисавии «Чевари беҳтарин» дар байни донишҷӯдухтарони муассиса баргузор гардид. Мақсади асосии озмун омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҷалб намудани бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ, дустдоштани либосҳои миллӣ ва соҳибкасб намудани онҳо мебошад. Дар Озмун бехтарин чеварони муассиса муайян гардида, рӯзи 23-май дар чорабиниии тантанавӣ бахшида ба ин санаи фархунда қадрдонӣ карда мешаванд. Аламхонова С.Ҷ. Раиси кумитаи иттифоқи касбаи донишҷуёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 4 Мубодила кардан