Бо дарки ин асл гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавии ин ҷашни бузургро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод гузошта буданд.
Тавре ки аз ёдгориҳои Тахти Ҷамшед маълум мегардад, Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Русияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт.
Сабаби пазириши ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои Авруосиё дар он будааст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум месохт.
Дар тӯли қарнҳо фалсафа ва фарҳанги наврӯзӣ, ки таҳаммулгароӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро дар худ ғунҷонидааст, ташаккул ёфта, пос доштани чаҳор нахустунсури зиндагии башар – обу замин ва оташу бодро дар мадди аввал қарор дод.