ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ АҲЛИ БАШАР БА СӮЙИ ДОНИШ, ИЛМ ВА МАЪРИФАТ

0 1

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», дар муассисаи таълимӣ барои фаъолияти омӯзгор шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидааст, ки мунтазам дар доираи имконияти буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо (махсусан дар шароити деҳот) тадбирҳои амалӣ андешанд.

Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолият ҷалб накардани омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12 моддаи 5 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: яъне «дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбии омӯзгор ба таъхир гузошта мешавад».

Баъдан дар қисми 2 моддаи 11 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд, ки таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон гиранд.

Тибқи боби 3, моддаи 8-и қонун ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.

Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.

Замони ҳозира, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Муаллим муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.

Воқеан сарчашмаи тамоми ҳастии инсон аз муаллим — омӯзгор оғоз мегардад. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор шахси воломақомест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари волидон мунису ғамхор буда, шахсро олами маънӣ мебахшад. Омӯзгорро оинаи чароғи роҳи зиндагӣ гӯем ҳам, хато намекунем, чаро, ки вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, шахсро тарбия намуда, илм меомӯзонад. Омӯзгор барои тарбияи хуб гирифтани шогирдонаш кӯшишҳои беандоза мекунад, тамоми ҳастиашро ба ӯ мебахшад, то ки шогирдон ба камол расида, тарбияи хуб гирифта, бузург гарданд. Зеро шогирди хуб ифтихори худи омӯзгор мебошад. Омӯзгор шогирдро ба роҳи рост равона накунад, ҳеҷ гоҳ шогирд шарафманду комёб намегардад. Барои як шахсро ба шахсият табдил додан заҳматҳои беандозаи зиёдро сарф менамояд, зеро мекӯшад, ки шогирд тарбияи хуб гирифта соҳибмаълумот гардад. Саодатманд ҳамон шахсест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб афтода, қуввати худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад.

Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Оре, омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як шахс манбаи дониш, ақлу заковат ба ҳисоб маравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он маншаъ мегиранд. Дар ҳақиқат ҳам, омӯзгор касби пуршараф, шахси боэътимоди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро агар инсоният бо ақлу дониш ва бо заҳматҳои шабонарӯзии худ табиатро дигаргун созад, аммо омӯзгори ботаҷриба, дурандеш, масъулиятнок бо донишу маҳорати волои хеш метавонад табиати ҳар як шахсро дар ин ё он ҷодаи ҳаёт ташаккул диҳад. Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Боиси хушнудист, ки мақому ҷойгоҳи омӯзгор дар Моддаи 3.и қонуни мазкур аз принсипҳои асосии мақоми омӯзгор чунин дарҷ гардида аст

Принсипҳои асосии мақоми омӯзгор

Мақоми омӯзгор аз принсипҳои зерин иборат аст:

1)қонуният;

2)инсондӯстӣ;

3)ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои омӯзгор;

4)мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор;

5)таъминоти иҷтимоии омӯзгор;

6)ҳамкории омӯзгор бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар раванди таълиму тарбия;

7)дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор;

8)манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд;

9)манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти омӯзгор.

— қонуният; мутобиқат бо қонун, вобастагӣ бо қонунҳои объективӣ албата касби омӯзгори ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар шахсе, ки сазовори касби омӯзгорист бояд побанди қонун бошад агар ҳар як омӯзгор побанди қонун бошад чунин омӯзгор содиқу ватандуст мебошад.

— инсондӯстӣ; гароиши фалсафӣ ва иҷтимоъӣ мубтанӣ бар дӯст доштани ҳамнавъ ва қоил шудан ба дигардӯстӣ ва беҳбуди мавқеъияти инсонҳо дар ҷавомеъи мухталиф

— ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои омӯзгор; Ба омӯзгор аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода мешавад.

— мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор; Омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад.

— таъминоти иҷтимоии омӯзгор; омодасозии омӯзгор – раванди тайёркунӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор мебошад .

— ҳамкории омӯзгор бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар раванди таълиму тарбия; дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор

— дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор; Ба омӯзгор аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода мешавад.

— манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд; Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст.

— манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти омӯзгор. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст.

Аз ин принсипҳои асосии мақоми омӯзгор маълум мегардад, ки омӯзгор мувазаф нест, ки корҳое, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест бар души ӯ вогузор карда шавад.

Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат нисбати ҷойгоҳи омӯзгор нигоҳи некбинона дорад.

Хулоса мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Абдураҳмонова Гулчеҳра Нуруллоевна

муаллимаи калон-и кафедраи “фанҳои Гуманитарӣ”-МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.