ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД

0 15

Ҳар сол дар мамлакат 22 сентябр ҳамчун Рӯзи устод Абуабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Забони Рӯдакӣ забони шеъри асилу оламгир аст. Забони Рӯдакӣ забонест ҷовидонӣ.

Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ба сифати забони адабӣ дар хидмати соҳибзабонон қарор дорад ва беш аз ҳазорсолаи забони адабии тоҷикиро осори мондагори илмиву адабие, ки аз ҷониби Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абуали Ибни Сино, Берунӣ ва нобиғагони дигар рӯи саҳфаҳои таърих рехтаанд.

Ҳамин рисолати таърихиро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расониданд. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан забонро чун рукни бақову ҳастии миллат ба ҳимояти давлату ҳукумат гирифта, эълом доштанд, ки: «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Ҳамин эътироф ва муҳаббату садоқат ба забон буд, ки на танҳо забон аз газанд эмин монд, балки боиси болорафти худшиносиву худогоҳии миллӣ низ гардид.

Таърихи забони миллӣ ҳамеша мавриди андеша ва омӯзиши Сарвари давлат қарор дорад. Ин аст, ки дар тамоми баромаду суханрониҳояшон пайваста аз забони модарӣ ба унвони мояи ифтихору асоси ҳастӣ ба муҳаббат сухан меронанд. Илова бар ин, дар ҳамин замина осори зиёде низ таълиф намудаанд, ки «Забони миллат — ҳастии миллат» яке аз онҳост. Дар асари мазкур, ки ба сабки илмию оммавӣ таълиф шудааст, муаллиф борҳо аз Истиқлолият ва имкониятҳои он барои худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан карданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи забон ва эҳтирому арҷгузории он ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятӣ номид.

Инчунин дар пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст. А. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» бо муҳаббат ва эҳтиром сухан гуфтаанд. Шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт.

Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирони тоҷику форс ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд, зеро забони соддаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд.

Рӯдакӣ маъниҳои оламгирро бо забони фасеҳу шево ба инсон пешниҳод мекунад, аз ин лиҳоз, арзишҳои волои каломи Рӯдакӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масъалаи тарғиби некӣ ва накӯкорӣ таваҷҷуҳи алоҳида нишон додааст.

Ба андешаи Рӯдакӣ инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Рӯдакӣ оид ба мафҳумҳои дӯсту дӯстӣ сухан намуда, шодии ҷаҳонро бартар аз дидори дӯст мебинад, дӯстиро аз ҳама чиз афзал ва бо дӯст ҳамдамию ҳампешагиро наҷибтарин кор меҳисобад.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои устод Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд.

Суман Исломова,

омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.