НАЗОРАТИ РАФТИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ АЗ ҶОНИБИ ШУБАИ ТАЪЛИМӢ МУАССИСА 0 6 Мубодила кардан Дар асоси Низомномаи аттестатсияи хатми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати умумии раванди аттестатсияи хатм, аз оғози аттестатсияи давлатии хатм, инчунин, ҳамарӯза аз ҷониби шуъбаи таълим ва муовини директор оид ба таълимӣ муассиса муҳтарама Нуруллоён С. А. назорати рафти аттестатсияи давлатии хатм ба роҳ монда шудааст. Боиси қайд аст, ки яке аз нишондиҳандаҳои сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аттестатсияи хатм маҳсуб меёбад. Аттестатсияи хатм марҳилаи хотимавии таҳсил буда, мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар ва муайян мекунад. Аз ин рӯ, ин давраи муҳим ва бисёр ҳассос мебошад, ки бояд бо шаффофияти комил сурат бигирад. ҚИСМИ ТАЪЛИМ Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 6 Мубодила кардан