ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» 0 1 Мубодила кардан Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар Озмун 56 нафар донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳои муассиса иштироки фаъолона намуданд. Пеш аз оѓози Озмун, намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар Озмун донишҷӯён бо завқи баланди эҷодӣ баромад намуда, маҳорату малакаи худро нишон доданд. Мақсади асоси Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» арҷгузори ба таърихи пурифтихорӣ миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи кор номаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихи ва ба ин васила дар ёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузошатан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Дар Озмун 3 нафар донишҷӯ ба гирифтани ҷойҳои намоён мушараф гардиданд. Аз ҷумла, ҷойи якум ба Умаров Шоҳрух Давлатшоевич – донишҷӯйи курси яуми факултети «Кори фарматсевтӣ», ҷойи дуюм ба Намоззода Дилноза – донишҷӯйи курси дуюми факултети «Кори табобатӣ» ва ҷойи сеюм ба Кулобиева Муборак – донишҷӯйи курси дуюми факултети «Кори табобатӣ» сазовор гардиданд, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Маҳмудзода Қ.Н Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ 0 1 Мубодила кардан