“Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, рукни муҳими давлат ва ояндаи миллат дониста мешаванд. Аз ин рӯ, сарнавишти ҳар як давлату миллат то андозае ба тарбияи дурусти насли ҷавон ва дастгирии онҳо вобастагӣ дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи ҷавонон дар даврони истиқлол ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мубаддал гаштааст.
Рӯзи ҷавонон – рамзи эътироф ва эҳтиром
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 -юми майи ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо як санаи рамзӣ, балки ифодаи арҷгузорӣ ба нақши ҷавонон дар ҷомеа ва ташаккули сиёсати ҷавонпарварии давлат мебошад.
Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар аз 12-уми майи соли 1997 расман таъсис ёфт. Аз ҳамон иборатан ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон ва эътирофи саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Нақши Пешвои миллат дар сиёсати давлатии ҷавонон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз роҳбарони маъруфи минтақа мебошад, ки ҷавононро ҳамчун сутуни асосии давлат муаррифӣ карда, борҳо таъкид намудаанд, ки “Ҷавонон нерӯи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд”. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд: “Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд”.
Воқеан ҳам, ҷавонони кишвар дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо на танҳо дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳм гузоштанд, балки дар пешбурди илм, фарҳанг, соҳаи мудофиа, варзиш, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳо низ фаъолона ширкат меварзанд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба рушди давлат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид, ки дар он ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва кафолатҳои давлатӣ нисбат ба ҷавонон муқаррар карда шудаанд. Соли 2017 бо амри Президенти кишвар ҳамчун Соли ҷавонон эълон шуд, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри фаъол мебошад.
Инчунин бо ибтикори Сарвари давлат дар самти дастгирии ҷавонон як қатор иқдомҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ амалӣ гардиданд. Таъсиси стипендияҳо ва ҷоизаҳо, бунёди муассисаҳои варзишӣ ва таълимӣ: садҳо майдону толорҳои варзишӣ, литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, ки махсусан барои ҷавонон пешбинӣ шудаанд, аз зумраи иқдомҳои беназири Пешвои миллат мебошад.
Ҳамчунин, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон, Стипендияи Президентӣ, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, ва Марказҳои ҷавонон дар тамоми минтақаҳои кишвар, имкониятҳои фаровонро барои рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодии насли нав ба миён оварданд. Ин барномаҳо на танҳо ҷавононро дастгирӣ мекунанд, балки онҳоро водор менамоянд, ки дар рушду пешрафти давлат саҳмгузор бошанд.
Дастовардҳо ва имкониятҳо барои ҷавонон
Дар баробари ин, ҳамасола ҳазорон ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба ватан бармегарданд ва дар сохторҳои гуногуни кившар хизмат мекунанд. Бисёре аз онҳо ба фаъолияти илмӣ машғуланд ва бо ихтироъ ва навовариҳо дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ мекунанд. Дар соҳаи соҳибкорӣ низ ҷавонони фаъол бо роҳандозии корхонаҳои хурду миёна ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунанд, ҷойҳои нави корӣ эҷод менамоянд ва бо идеяҳои нав ба бозор ворид мешаванд.
Яке аз самтҳои муҳими иштироки ҷавонон дар таҳкими истиқлол, хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сол аз сол шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, меафзояд, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо дарак медиҳад.
Дар соҳаи фарҳанг ва варзиш низ ҷавонони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Ғолибияои ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо, озмунҳои адабӣ ва фестивалҳои фарҳангӣ номи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд ва ба таҳкими мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар давоми соҳибистиқлолии кишвар, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, мутолеаи китоб ва огаҳ шудан аз тамаддуну таърихи давлатдории миллатамон озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид, ки ҳамасола ғолибони ин озмунҳо бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ин иқдом ба кулли мардуми кишвар писанд гардида, иштирокчиён аз хурд то бузург буда, ки теъдоди зиёди онҳо насли наврас ва ҷавононро ташкил медиҳанд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамчун неруи бузурги созандаву таҳкимбахши давлатдорӣ фаъолона амал мекунанд. Ҳар як қадами устувори ҷавонон дар роҳи донишандӯзӣ, меҳанпарастӣ, хизмат ба халқу миллат ва амалҳои созанда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва шукуфоии Ватан мусоидат мекунад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як ҷавони худшинос ва бедордил аст, ки бо масъулияту садоқат ба арзишҳои миллӣ ва истиқлолият хидмат намояд ва дар роҳи ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки на танҳо сарнавишти шахсии ӯ, балки сарнавишти Ватан низ ба донишу саъю кӯшиши ӯ вобастагӣ дорад. Биёед, дар Рӯзи ҷавонон аз худ бипурсем: Ман барои ояндаи Ватан чӣ кардаам?
Каримова Маҳбуба Самариддиновна.
Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.»