Таъсири инсонияти мутамаддин огоҳанд, ки илму адабиёти форс-тоҷик ва махсусан назми он дар асри Х ба қуллаи баланди офариниш расида буд. Аввалин поягузор ва қофиласолори ин назми шеъри дарӣ устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ буд. Рӯдакӣ бо санъати баланди сухан ва мазмуну мундариҷаи эҷодиёташ дар адабиёти он давр нисбат ба ҳамқаламонаш чун қуллаи тобон ба авҷ сар кашида буд. Бесабаб набуд, ки ӯро «Маликушшуаро» (яъне «Султони шоирон»)-и дарбори Сомониён лақаб дода буданд.
Дар бисёр манбаъҳои илмию адабӣ ва таърихии адабиёти форс-тоҷик устод Рӯдакӣ аз пурмаҳсултарин санъаткори бузург шинохта шудааст.
Оид ба маҳсули эҷодии устоди гиронқадр дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ фикрҳои мухталиф аст. Қисме аз маъхазҳо миқдори ашъори Рӯдакиро аз ҳафтсад ҳазор то як миллиону сесад ҳазор, қисми дигарашон сад ҷилд нишон додаанд. Масалан аввалин маълумотро оид ба миқдори ашъор ва мақоми шоирии Рӯдакӣ, шоири асри 12 Рашидии Самарқандӣ дар яке аз қитъаҳои шеъриаш чунин овардааст:
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд агар чунонки бояд бишмарӣ.
Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккул ва инкишофи адабиёти бадеӣ хаттӣ, эҷодиёти даҳанакии халқ, нақши бузург бозидааст. Ҷунон, ки мушоҳидаҳо далолат менамоянд, дар байни эҷодиёти даҳанакии халқ ва адабиёти бадеии китобӣ, алоқаи доимии қатънашаванда ва таъсири тарафайн дида мешавад. Аз замонҳои қадим то имрӯз бо таъсири ҳамдигар бойшавии эҷодиёти коллективӣ ва индивидуалӣ идома дорад. Беҳтараин асарҳои классики тоҷик дар заминаи маводи фолклорӣ офарида шудаанд.
Пайвастшавии фолклор ба адабиёти хаттӣ масъалаест,ки чандин солҳо диққати олимонро ба худ ҷалбнамудааст. Аз ҷумла дар асарҳои Саид Нафисӣ, устод Айнӣ, А.А. Семёнов, Брагинский, Расул Ҳодизода, Афсаҳзод, Раҷаб Амонов, Воҳид Асрорӣ ва чанде дигарон суханҳои барҷастаи илмӣ гуфта шудааст.
Мо дар ин ҷо кӯшиш намудем,ки баъзе фикру мулоҳизаҳои худро нисбати алоқамандии эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ баён намоем.
Таъсири фолклор ба эҷодиёти шоир ва бо вазифаи муайян ҷойгир шудани унсурҳои эҷодиёти даҳанакии халқ анъана ва нақши муайяни худро гузоштаанд. Дар баробари ин, эҷодиёти назми шоир аз идеалҳои халқӣ, аз образҳои фолклорӣ, сюжет ва забони пуробуранги халқӣ низ ғизо мегирад. Бинобар ин, вақте, ки мо унсурҳои фолклориро дар ашъори шоир ҷустуҷӯ мекунем ва ё таъсири эҷодиёти даҳанакии халқро муайян менамоем, сарчашмаҳои инкишофи эҷодиёти санъаткорро аз назар мегузаронем.
Масалан қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и шоир дар заминаи оҳанги забони умумихалқӣ бо калимаҳои соддаю оммафаҳм ва образҳои халқӣ ба қалам дода шудааст.
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бас чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд – Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд?
На наҳси кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Ман бигӯям: қазои яздон буд.
Устод Рӯдакӣ ҳар як калима ва вожаро барои таъсири образ дар заминаи муқоисаи предметҳо (масалан, дандон чун чароғи тобон сапеду симзада ва чун дурру марҷон, ситораи саҳарӣ ва қатраборон) нуктасанҷона истифода мебарад. Ҳамин тавр, қитъаи зерин дар оҳанги гуфтори умумихалқӣ чашмро ба ҷаҳони гирдгардон муқоиса менамояд.
Шоир дар порчаи зерин гуфтанист, ки кӯҳна нав мешавад ва бо гузашти айём ҳаёт аз сифате ба сифати дигар табдил меёбад, биёбон ба гулистон, харобазор ба боғистон табдил хоҳад ёфт.
Ҷаҳон ҳамеша чашмаест гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад,
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Кӯҳна кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд.
Ва нав кунад ба замоне, ҳамон, ки хулқон буд.
Бояд гуфт, ки дар осори боқимондаи шоир фикру андешаҳои халқӣ барҷаста ифода ёфтаанд.
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Вай қайд мекунад, ки таҷрибаи рӯзгорро фақат аз рӯйи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Халқияти забону намунаи назми устод, инчунин тарзи соддаи ифодаи фикри шоир, ки саршори образҳои халқӣ мебошанд, бо санъатҳои бадеӣ якҷоя омезиш ёфта, қимати асарҳои ӯро барҷаста гардонидааст.
Шоир ба мафҳуми ибора,тарзу баён, луғати забони зинда ва эҷодиёти омма борикбинона диққат медиҳад. Инро дар рубоии зерини шоир мушоҳида намудан мумкин аст.
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Ба ҳамин тариқ, азбаски масъалаи таҳлилу тадқиқи эҷодиёти устод Рӯдакӣ аз муайян намудани унсурҳои эҷодиёти халқ дар ашъори Ҳазрат тадқиқоти алоҳидаро талаб менамояд, аз ин рӯ, мо ба чанд сухани нопурра, ки дар боло ишора намудем, басанда ҳисоб менамоем.