САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР АСОСИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 0

Маориф ва тандурустӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаҳои мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамчун заминаи асосии ташаккули ҷомеаи солим ва рушди устувори давлат арзёбӣ мегарданд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, рушди маориф барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ташаккули сармояи инсонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳамзамон, соҳаи тандурустӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва афзоиши қобилияти меҳнатии шаҳрвандон равона гардидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии самтҳои рушди маориф ва тандурустӣ дар сиёсати давлатӣ мавзӯи мубрам ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа муайян гардидааст. Ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва омода намудани кадрҳои баландихтисос диққати махсус дода мешавад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ислоҳоти соҳаи маориф бояд ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ карда шавад. Инчунин, масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани шароити кор ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо инфрасохтори зарурӣ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки масъалаҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматҳои тиббӣ ва рушди тибби профилактикӣ таъкид мегарданд.

Ба навсозии муассисаҳои тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҳадафи асосӣ — таъмини ҷомеаи солим ва дарозумрии аҳолӣ мебошад. Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд.

Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Рақамикунонӣ яке аз талаботи асосии замони муосир буда, он барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии раванди таълим аҳамияти калон дорад. Ҷорӣ намудани платформаҳои электронии таълимӣ, истифодаи тахтаҳои интерактивӣ ва захираҳои рақамӣ ба такмили донишу малакаи хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд.

Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ инчунин имконият фароҳам меорад, ки низоми таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки омӯзгорон бояд сатҳи саводнокии рақамии худро баланд бардоранд, то тавонанд бо усулҳои муосир таълим диҳанд.

Таҳсилоти олӣ ва илм ҳамчун пояи рушди иқтисоди донишбунёд дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд. Дар Паёми худ Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ додаанд.

Қайд намуданд, ки донишгоҳҳо ва коллеҷҳо бояд на танҳо муассисаҳои таълимӣ, балки марказҳои илмӣ ва инноватсионӣ бошанд.

Татбиқи лоиҳаҳои илмӣ, ҳамкории донишгоҳҳо бо муассисаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Маориф дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки низоми маориф бояд на танҳо дониш, балки арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни ҷавонон ташаккул диҳад.

Тарбияи насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ равона шудааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини саломатии шаҳрвандон ҳамчун шарти асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар арзёбӣ мегардад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ маҷмӯи чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки ба пешгирии бемориҳо, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд имкони гирифтани хизматрасонии тиббиро дошта бошад, новобаста аз маҳалли зист ё вазъи иҷтимоӣ.

Беҳтар намудани шабакаи муассисаҳои тиббӣ, сохтмон ва навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳо аз тадбирҳои муҳим дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Тибби профилактикӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад. Президент борҳо таъкид менамоянд, ки пешгирии бемориҳо нисбат ба табобат самараноктар мебошад. Дар ин замина, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ аҳамияти калон доранд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба беҳтар гардидани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи такмили донишу малакаи кормандони тиб, баланд бардоштани масъулияти касбии онҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами тиббӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад

Ҳамин тариқ, маориф ва тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидӣ доранд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии рушди ин соҳаҳоро муайян намуда, татбиқи онҳо ба баланд гардидани сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори давлат мусоидат менамояд.

НУРУЛЛОЁН Сарвиноз Аҳмадулло

муовини директор оид ба корҳои таълими МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.