НАВРӮЗ ПАДИДАИ НОТАКРОРИ ФАРҲАНГӢ

0 1

Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.

Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ — пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон — Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.

Тӯли ин солҳо дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ҳисоби онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.

Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.

Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, инчунин тозаву озода гардонидани хонаву кошона ва хиёбону маҳалҳои зист аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.

Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

Наврӯз таърихи чандин ҳазорсола дорад. Чӣ хеле ки дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва “Шоҳнома”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ омадааст гузаштаи ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чӣ тавре ки маълум аст, дар рӯзи 21 март шабу рӯз ба ҳам баробар мешаванд. Вақте ки Ҷамшед тахти тиллогини худро сохт ва онро ҳангоми баромадани офтоб ба баландии кӯҳ бардошт тиллои он дар нурҳои офтоб ҷило дода, мисли офтоб равшанӣ медод. Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Дар ин маросими халқӣ мардум бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, тухмзанак, арғамчинбозӣ ва паҳлавонон гуштингирӣ мекарданд.

Наврӯзи оламафрӯз пеш аз ҳама бо суннатҳояш зебову фараҳбахш аст. Наврӯзи имсола ба Тоҷикистони биҳиштосои мо бо фазои сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдилӣ фаро расид, ки ин ҳама шаҳодат аз суннатҳои асосии наврӯзӣ аст. Деҳқон аз накҳати Наврӯз барои фаровонии ризқу рӯзӣ ва ободии кишвар ба замин донаи умед мепошад, то мардумро рӯзирасон ва кишварро такядор бошад. Гузаштагони мо зиндашавии табиатро Наврӯз ном ниҳода, ки заминро такон дода, хуфтаҳоро бедор, кӯҳнаҳоро нав ва ранги хазонро ба сабз мубаддал месозад. Одамон бо як умед ба дару деворҳояшон сафедӣ молида, ифлосиҳоро тоза мекунанд ва ҷиҳози хонаро афшонда, либоси нав ба бар мекунанд.

Оре, Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру вафо ва ҷиҳати ҳамгироии мардуми олам ҳисси зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаю адоват ва ҳамдигарбахшӣ, дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамро бедор мекунад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон иди Наврӯз соли 2009 тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Иди «Наврӯз»-ро ҳамасола 12 кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд. Албатта дар ин самт нақши Пешвои миллат басо назаррас аст.

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.

Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.

Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Латипов Сафаралӣ Шералиевич

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.