ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

0 5

Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём соҳиби қалам ва донишҳои фалсафию табии баданд, ки бо таълифи асарҳои оламшумули хеш барои илми башарият ганҷинаи бебаҳои илмиро мерос гузоштаанд. Дар давраҳои асримиёнагӣ тоҷикон ба монанди Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Насриддини Тусӣ ва даҳҳо донишмандони барҷастаи миллат ба рушди илми мамлакатҳои Шарқ такон бахшида, дар саҳфаҳои таърихӣ илми тоҷиконро муаррифӣ намуданд.

Боиси хурсандӣ ва фараҳмандист, ки имрўзҳо пайравӣ аз аҷдодони хеш ҷиҳати рушди илм, инноватсия ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ “Рўзи илми тоҷик” таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи 12.04.2025с. дар муассиса ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар конфронс аз тарафи омӯзгорон маърӯзаҳои илмӣ доир ба мавзӯъҳои: “Ташаккулёбии илми шарқ дар асри тиллоӣ ва сабаби таназули он”, “Истифодаи об дар ҳаёту фаъолияти инсон”, “Нақши тоҷикистон дар ҳалли масъалҳои глобалии марбут ба обу иқлим”, “Ифлосшавии об: сабаб ва оқибатҳои он”, “Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат” садо доданд.

Ҳамоиши илмӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифта муҳтавои илмии он ба масоили мубрами рушди илм, фанҳои даққиқ, инноватсия ва масъалаҳои обу иқлим равона шуда буданд.

Маҳмудзода Қ.Н. муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.