НАШЪА ДУШМАНИ ИНСОН ВА ҶОМЕА 0 2 Мубодила кардан Санаи 18-12-2025 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсия дар мавзуъи «Нашъамандӣ» баргузор гардид. Дар ин Конференсия Директори маркази наркалогии Бердиев Оқил Сайҷафарович, Сармутахассиси экспертизаи суди наркалогӣ Таѓоева Сайлонбӣ Набиевна, Намояндаи маркази Вируси норасоии масъунияти одам Рафиев Ҷамшед, Намояндаи Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳафиз, Ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ, Ҷонишини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ Эмомова Сайлигул иштирок доштанд. Директори маркази наркалогии Бердиев Оқил Сайҷафарович баромад намуда қайд намуданд, ки имрӯзҳо нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл намудани ҷавонон мебошад. Ҷавонони тоҷикистон бояд худро дар ҳама ҳолат аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷалобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд гирифтори дардҳои шадиди ӯ нест балки одами нашъаманд сахт тобеъи нашъа буда онро истеъмол накунад ба ҳалокат мерасад. Намояндаи Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳафиз чунин қайд намуданд, ки нашъамандӣ ин роҳи аз беаҳамиятӣ набуда, балки сароѓози ҳаммаи бадбахтиҳои инсон мебошад. Молу мулке, ки ба ивази он дастрас мешавад муввақатӣ буда, қадру манзалати инсонро дар ҷомеа паст месозад. Дар онҷоми конференсия Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Файзали иброз намуданд, ки Шумо ҷавонон ояндасоси давлату миллати тоҷик ҳастед кӯшиш намоед, ки худро ба ин амалҳои номатлуб нобуд насозед, ояндаи шумо дар дасти худи шумост. Бояд қайд намуд, ки нашъамандӣ барои тамоми мардуми олам вабои аср буда ба ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меаварад. Зиёде аз ҷавонон ба бекорию беҳудагардӣ машѓул шуда ба ин амали номатлуб нашъамандӣ зуд даст мезанад ва ояндаи пур аз арзуҳои худро аз даст медиҳад. Шӯъбаи тарбия: Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан