ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ РОҲБАРИЯТ, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А» ДАР ЧОРАБИНИИ ОММАВИИ ВАРЗИШӢ – ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

0 3

Субҳи 18-уми майи соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, варзишгарон, наврасону ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо, ки бештар аз 5 ҳазор нафарро ташкил медод, баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд гардид, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Дар мусобиқаи мазкур кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» низ фаъолона иштирок намуданд.

Ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон донишҷӯи факултети кори ҳамширагии шабона Акобирзода Дилноза ҷойи сазовори сеюм гардид.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.