ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ «БИОЛОГИЯ» 0 1 Мубодила кардан Дар таърихи 17-уми октябри соли 2025, мувофиқи нақшаи кории кафедраи биология таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи мазкур Сабурова Мавлонбӣ аз фанни Услубҳои тадқиқотӣ клиникӣ-лабораторӣ дарси кушод бо иштироки донишҷӯёни факултети “Кори табобатӣ” дар мавзўи «Вазифаҳо ва доимиятҳои асосии хун» баргузор гардид. Дар дарси кушоди мазкур сардори шуъбаи таълим, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва омӯзгорони кафедраи Биология иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани чунин дарсҳо ин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯен дар сатҳи баланд мебошад. Дар ҷамъбасти дарс сардори шуъбаи илмӣ-методӣ доир ба нозукиҳои фан ва усули дарсгузаронии Сабурова С., фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуда, ҳамчунин ҷиҳати беҳтар сохтани он тавсияҳои худро низ ироа карданд. Шовализода Қ.Р. мудири кафедраи “Биология”-и МДТ “Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан