Санаи 15.04.25с. дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмозода Раҳматулло Азиз» вохӯрии омӯзгорону донишҷӯён бо мудири бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Кӯлоб Салимов С.Н. баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин мутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Кӯлоб Сафарзода Э.Р ширкат варзиданд.
Ҷаласаро нахуст раиси шӯрои занон ва оилаи коллеҷ Абдураҳмонова Г.Н. оғоз намуда меҳмононро бо аҳли толор шинос намуд. Ӯ қайд намуд, ки мақсади вохӯрии имрӯза суҳбат бо мутахассисон атрофи пешгирии хурофоту таъасуб ва риояи бандҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Дар ҳамоиш Салимов С.Н –мудири бахши дин, танзим ва ҷашну маросими МИҲД ш. Кӯлоб баромад намуда, изҳор дошт, ки қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъна ва ҷашну маросимҳо» дар рӯзгори мардум аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷӣ иқдоми муҳим ва ба маврид мебошад. Ӯ вобаста ба нукта ва муҳтавои қонуни мазкур, бахусус оид ба масъалаҳои тартиби ташкилу баргузории тую маъракаҳо, зодрӯз, маросимҳои дафну азодорӣ ва маъракаҳои вобаста ба он ва дигар чорабиниҳое, ки аз тарафи қонуни мазкур танзим карда мешаванд ба иштирокчиёни ҳамоиш маълумот пешниҳод намуд.
Дар охир итирокчиён ба меҳмонон якчанд саволҳо вобаста ба масъалаи дар ҳамоиш матраҳшаванда пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Назирматова Р.Г.