БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ “АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ” ДАР МАВЗӮИ “УСЛУБҲОИ МУОИНАИ ҲОМИЛАДОРОН”

0 2

Дар санаи 18.12.2025 аз тарафи омӯзгорӣ ҷавони кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”-Умарова Руқия дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Кори ҳамширагӣ дар момоӣ ва бемориҳои занона” дар гурӯҳи 310-и Кори ҳамширагӣ дар мавзӯи “Услубҳои муоинаи ҳомиладорон” гузаронида шуд. Дар раванди дарс аз усулҳои фаъоли таълим “Ҳуҷуми мағзи сарӣ” хеле бомаврид дар мустаҳкамкунии дарс истифода шуд.

Дар охири дарс омӯзгор қайд намуд, ки муоинаи саривақтӣ ва мунтазами ҳомиладорон имконият медиҳад, кимушкилот барвақт ошкор гардида саломатии модар ва кӯдак ҳифз карда шавад.

Дар дарс омӯзгор аз видеонаворҳо ва презентатсияҳо истифода бурда, қисмати мустаҳкамкунии дарсро бо усулҳои нави таълим равнақ дод.

Дар дарси номбурда намояндагони идоракунии бахши сифати таҳсилот ва як қатор омӯзгорони кафедра иштирок намуда, ба дарс баҳои баланд доданд.

Саёҳат Сатторзода

Мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”- МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.