БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ ДАҚИҚ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” 0 1 Мубодила кардан Мутобиқи мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2025 таҳти рақами 05/2039 бахшида ба 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-17.10.2025дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” даври дохилимуассисавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид.Дар рафти ифтитоҳи озмун муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.п.,дотсент Маҳмудзода Қумриниссо Нурали, мудири кафедраи “Асосҳои информатика” Юнусов Сорбон, мудири кафедраи “Химия” Мускинов Шуҳрат, мудири кафедраи “Фанҳои табиию-риёзӣ” Раҳмонов Алиҷон, Мудири кафедраи “Биология” Шовализода Қурбонбӣ ва дигар омӯзгорони фанҳои табии ва дақиқ иштирок намуданд. Дар оғоз муовини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз фармоиши директори муассиса, н.и.т. Назарзода Ҷумахон Шамсро ҷиҳати гузаронидан ва интихоби ҳайати ҳакамони ин олимпиада қироат намуда дар идомаи суханронии худ иброз намуд, ки озмун дар доираи шаффофият гузаронида шуда аз ҳар як иштирокчиён дониши амиқ талаб карда шавад. Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.п.,дотсент Маҳмудзода Қумриниссо Нурали оид ба тартиби гузаронидани олимпиада суханрони намуда ёдовар гашт, ки олимпиада аз рӯи панҷ фанн (информатика, математика, химия, биология, физика) гузаронида мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати омӯзгорон ба ҳамаи иштирокчиён мувафақиятҳо орзу намуданд. Маъмурият Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан