Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва неруи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоед, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардАНД, неруи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш даҳанд.
Ҷавонон — сарвати миллӣ ва сармояи оянда Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аҳолии ҷавон зиёд дорад — беш аз 70% сокинони онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Ин рақам на танҳо як омори демографӣ аст, балки имконияти бузургест барои навсозӣ ва тақвияти тамоми сохторҳои ҷомеа. Ҷавонон имрӯз дар мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, варзишгоҳҳо ва корхонаҳо фаъолона саҳм мегиранд. Онҳо омӯзиш мебинанд, ихтироъкор мешаванд, тарғибгари фарҳанг, ташаббускори бизнес ва ҳимоятгари муҳити зист мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки бо идеяҳои нав, қувваи тоза ва диди васеъ метавонанд рухи наве ба Тоҷикистон бахшанд.
Рӯзи ҷавонон — майдони эътироф ва эҳтиром Дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд: намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ ва корҳои илмии ҷавонон; озмунҳои истеъдод, адабиёт, мусиқӣ ва технология; мусобиқаҳои варзишӣ ва марафонҳои солимгардонӣ; форумҳо, конференсияҳо ва мулоқот бо шахсони маъруфу роҳбарият. Ин ҳама имконият медиҳад, ки ҷавонон истеъдод, ақлу заковат ва ташаббусҳои хешро намоиш диҳанд. Аз тарафи дигар, ин рӯз боз як бор ба ҷомеа хотиррасон мекунад, ки бе иштироки ҷавонон пешрафти воқеӣ ғайриимкон аст.
«Сиёсати давлатии ҷавонон. – қайд карда шудааст дар он, -бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давдатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият тадбиқ менамоянд»
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз чумла чавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Ба сиёсати чавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад. Стратегияи мазкур ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Точикистон аз синни 14 то 30 сола, аз чумла ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ карор доранд ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.
Бинобар он ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони ҷавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Тоҷикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.