Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад. Дар тӯли 34 соли сипаришуда, халқи тоҷик таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори давлатсозиро тай намуда, пояҳои истиқлолиятро мустаҳкам ва давлатдории миллиро таҳким бахшид.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёт гувоҳи онанд, ки истиқлолият барои мардуми тоҷик манбаи худшиносӣ ва рушди устувори миллӣ гардидааст.
Дар зимн доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Назарзода Пиралӣ чунин андеша рондааст, ки инҷо коштани андешаи эшонро лозим мешуморем «…..яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоият дар Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо мадади Худо ва бо шарофати ин марди наҷиб дар кишвар ба ҷанги таҳмилӣ хотима дода шуд, гурезаҳо аз хоки Афғонистон ба Ватан баргаштанд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳокимияти конститусионӣ барқарор карда шуд, дар кишвар фазои оромӣ, субот танинандоз ва кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ озод гашт, саноатикунонӣ, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёт рушд кард.»
Истиқлолият, пеш аз ҳама маънои соҳибихтиёрона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро дорад. Миллате, ки истиқлол ба даст меорад, қодир мегардад бо такя ба таърих ва арзишҳои миллӣ, ояндаи худро созад. Агар бо забони илмӣ гӯем, истиқлол марҳилаи муҳимест, ки миллатро аз вобастагӣ раҳо карда, ба зинаи худшиносӣ ва худсозии сиёсиву маънавӣ мебарад.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият аз як мафҳуми рамзӣ ба воқеияти пойдор табдил ёфт. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро хатарҳои ҷиддии парокандагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ таҳдид мекарданд, имрӯз истиқлолият ба рамзи ваҳдат, субот ва пешрафт мубаддал шудааст.
Барои ман истиқлолият на танҳо озодӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварамон мебошад.
Агар ба таърихи 34 соли истиқлол назар афканем, бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Дар давраи оғози истиқлолият, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Бо раҳбарии Пешвои миллат, халқи тоҷик аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот ёфт. Имрӯз ҷомеаи илмӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун падидаи нодири сиёсӣ ва намунаи созиши миллӣ арзёбӣ мекунад.
Дар баробари сулҳ ва ваҳдат, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ қобили қайданд. Сохтмони даҳҳо неругоҳи барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Роғун» — ки онро лоиҳаи аср меноманд — барои истиқлолияти энергетикии кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардиданд. Қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ва такмилу иловаҳои баъдӣ, заминаи ҳуқуқии низоми давлатдориро ташкил доданд. Ин тағйирот бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуданд.
Дар ибтидои солҳои истиқлолият, Тоҷикистон аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ дар вазъияти хеле ҳассос қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ, фурӯпошии иқтисод, набудани захираҳои молиявӣ ва таҷрибаи идоракунии мустақилонаро надоштани кишвар аз мушкилоти ҷиддии он замон буданд. Соли 1992, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуда, ба равандҳои музокироти сулҳ роҳ кушод. Соли 1997, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бори дигар собит гардид, ки миллати тоҷик қобилияти ҳаллу фасли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсиро дорад.
Яке аз сабақҳои бузурги истиқлол барои миллати тоҷик он аст, ки танҳо дар шароити сулҳ ва ваҳдати миллӣ рушди устувор имконпазир аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар китобҳои таърих ва сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун «модели сулҳи тоҷикон» мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Дар самти рушди иқтисодӣ, соҳаҳои калидӣ ба таври зерин рушд карданд:
Энергетика: Бунёди НБО-и «Роғун» — рамзи истиқлолияти энергетикӣ ва лоиҳаи сарнавиштсози кишвар.
Инфрасохтор ва нақлиёт: Сохтмони роҳҳои стратегӣ чун «Душанбе–Чаноқ», «Душанбе–Қулма», пулу нақбҳои муҳими кишвар, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо сохтанд.
Кишоварзӣ: Бунёди боғу токзорҳои нав, ислоҳоти замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ, ки вобастагии кишварро аз воридот коҳиш дод.
Нақши насли ҷавон дар ҳифзи истиқлолият бениҳоят муҳим аст. Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд, ки боиси роҳандозии даҳҳо барномаҳои давлатӣ гардид. Имрӯз ҳазорон ҷавони тоҷик дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ таҳсил доранд, садҳо марказҳои илмӣ ва эҷодӣ барои онҳо таъсис ёфтаанд.
Ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамомада истифода бурда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро сазовор муаррифӣ кунанд, аз арзишҳои миллӣ ҳифз намоянд ва дар рушду пешрафти он саҳми босазо гузоранд.
Агар сиёсати сулҳҷӯёна, ваҳдатофар ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёбад, 34 соли ояндаи Тоҷикистон метавонанд давраи рушди устувор, инноватсионӣ ва комёбиҳои бузург бошанд. Кишвар дорои пояҳои мустаҳками иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хоҳад шуд, ки онро дар арсаи байналмилалӣ низ ба як кишвари соҳибнуфуз табдил медиҳад.
Сафарзода Ф.Р.Сардори шуъбаи таълимӣ МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»