Кормандони тиб дар ҳаёти инсоният нақши нақши муҳим доранд, аз таваллудхона сар карда, то охири умр саломатии ҳар як инсонро новобаста аз миллат нажод нигоҳ медоранд. Онҳо дар ҳаракати байналмилалии сулҳ низ фаъолона иштирок мекунанд.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мешаванд.
Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо борҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоии шаҳрвандон ва мушкилоти дигари ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки дар ин замина ба ислоҳоту навсозии соҳа такони ҷиддӣ бахшида шуд.
Хушбахтона Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил шуда буданд. Мо танҳо давраи пандемияи «Ковид 19»-ро хотиррасон мекнунем ва ҳоҷҷат ба шарҳу тавзеи он дигар нест. Яъне дар чунин вазъияти душвори ҷаҳони муосир, ки тайи чанд соли охир ба мушкилоти рақами якуми сайёра табдил ёфтааст танҳо дар пойтахти кишвар ба ҳолати 20.05.2020 беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони «Ковид-19» хизмат мерасонанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ин душвориҳо хароҷоти буҷавии соҳаи тандурустиро боз ҳам зиёд карда, онро ба стратегияи сиёсати афзалиятноки давлат дохил намуд. Буҷаи соҳаи тандурустӣ дар соли 2008 агар – 255, 8 миллион сомониро ташкил медод дар соли 2020 он 1 млрд ва 841 миллион сомонӣ расид.
Намунаҳои сершумори кори табибони ҷаҳон фидокории онҳоро нишон медиҳанд. Дар айни замон, созмонҳое чун Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва Ҳилоли Аҳмар дар расонидани кумаки тиббӣ дар минтақаҳои низоъ ва офатҳои табиӣ, пешниҳоди хадамоти тиббӣ ва кумак ба осебдидагон нақши муҳим мебозанд.
Рӯзи кормандони тиб – ҷашни муҳими касбӣ барои табибон, ҳамшираҳои шафқат, лаборантҳо ва ҳамаи онҳоест, ки худро ба кори хайри ҳифзи саломатии мардум бахшидаанд. Ин рӯзи миннатдорӣ ва эътирофи махсус аст, зеро кормандони тиб ҳар рӯз сатҳи баланди касбият, фидокорӣ ва шафқат нишон медиҳанд. Рӯзи расмии касбии кормандони тиб соли 1980, вақте ки Президиуми Шӯрои Олии СССР фармони «Дар бораи рӯзҳои ид ва ёдбуд» -ро баровард, пайдо шуд.
Ин ҷашн на танҳо дар Русия, балки дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ – Беларус, Молдова ва Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ қайд карда мешавад. Кормандони тиб рисолати душворро бар дӯш доранд – кӯмак ба одамон дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ мерасонанд. Онҳо дар лаҳзаҳои душвортарин дар паҳлӯи беморон мемонанд, умед ва боварӣ ба фардо мебахшанд. Кори онҳо на танҳо дониш ва маҳорат, балки қувваи бузурги ботинӣ, сабр ва ҳамдардиро талаб мекунад. Маҳз ба шарофати фидокории онҳо миллионҳо нафар инсонҳо имкон доранд, ки зиндагии пур аз маъно дошта бошанд.
Маҳорати табобат аз замонҳои қадим маълум аст. Тамоми ҳаёти инсон бо табиби хуб зич алоқамада аст. Ҳатто ба ин дунё мо таҳти назорати табиб меоем, ва агар бадбахтӣ рӯй диҳад — беморӣ ояд, одами дар халати сафед баъзан асосии дастгирӣ мегардад.
Касби табиб зарур аст, он дар ҳама ҷо талабгораш бисёр мебошад: ҳам дар кор, ҳам дар варзиш, ҳатто ба намуди зоҳирии мо дасти моҳири табибон кор мекунанд. Илми тиб ба муваффақиятҳои бешубҳа ноил шудааст: бемориҳое, ки ҳазорҳо ҳаёт инсонҳоро барбод медоданд дар назди дастовардҳои тиб мағлуб шуданд. Аммо, афсӯс, табиат навовариҳои навро барои инсонҳо пайдо меукуна: вирусҳои нав пайдо мешаванд, намудҳои нави бемориҳо ба вуҷуд меоянд. Ва боз табибон ва олимони тиб ба кӯмак меоянд: бемориро меомӯзанд, ваксинаҳои навро меҷӯянд, усулҳои нави табобатро таҳлил мекунанд.
Ин рӯзи корманди тиб махсус аст. Табибон, ҳамшираҳои шафқат, дояҳо ҳоло мисли ҷанг дар хатти пеши мубориза бо вабоҳо ва вирусҳо ҳастанд, ки дар саросари ҷаҳон мардумонро азият медиҳанд. Ҳоло дар соҳа татбиқи бештар аз 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари соҳавӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи муҳим дарак медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт, пас, дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5126 расидааст.
Ворид намудани технологияи инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир дар соли 2024 як қадами калидӣ дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ гардид. Ҳукумати мамлакат тавонист муассисаҳои тандурустиро бо таҷҳизоти тиббии пешрафта муҷаҳҳаз гардонад то ки ин ба ташхис ва табобати дақиқ ва босифат мусоидат намояд. Ба воситаи таҷҳизоти муосир сатҳи ташхиси бемориҳо афзоиш ёфт, ки он имкон медиҳад беморон бо табобати саривақтӣ ва самаранок фаро гирифта шаванд.