ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 0 2 Мубодила кардан Имрӯз башарият барои пешравии иттилоотӣ пайваста дар саъю талош аст ва ҳар рӯз даҳҳо технологияҳои нав тавлид мешаванд, ки метавонанд ҷаҳонро ба сӯи беҳбудӣ тағйир диҳанд ва ҳаёти одамонро ҳузуру ҳаловат бахшанд. Одамон бо хоҳиши такмил додан ва автоматикунонии тамоми олами гирду атрофашон, пайваста кӯшиш намуда истодаанд, ки бори гарони меҳнати инсониро ба дӯши техника, робот ё компютере, ки якхела кор мекунанд, вале бехатар ва тезтар он корро иҷро мекунад, вогузоштаниянд. Ҳоло низоми технологияи иттилоотӣ дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ зимни амалигардонии амалиётҳои тиҷоратӣ татбиқ шуда истодааст. Таърихи ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои пешрафтаи дунё рушди худро маҳз бо татбиқи ҳар чи васеи ин низоми иттилоотӣ таъмин намудаанд. Амалиётҳо марбут ба тиҷорати молу маҳсулот тавассути шабакаи интернет, бо истифода аз воситаҳои технологии иттилоотӣ дар доираи иқтисодиёти рақамӣ анҷом дода мешавад. Иқтисоди рақамӣ чист? Иқтисоди рақамӣ – ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути ба таври васеъ истифодабарии технологияҳои компютерии рақамӣ мебошад, ки ба баландбардории самаранокии истеҳсолот, муҷаҳҳазгардонӣ, муҳофизат, фурӯш ва дастрасӣ ба молҳо ва хадамот мусоидат менамояд Намунаҳои мисолҳо аз иқтисоди рақамӣ: 1. Расонидани ғизо ба хона ё утоқи корӣ; 2. Фармоиш додани таксӣ тавассути телфон ва пардохти хизматрасонии он бо ҳамёни электронӣ; 3. интиқол додани пул аз корт ба корт; 4. харидани либос ва дигар ашёҳо дар сомона; 5. тамошои филм дар кинотеатри онлайн; 6. тамошо кардани саҳифаи вебсайти таблиғотӣ ва ғ. Дар доираи ташкил ва рушди иқтисоди рақамӣ Интернет нақши калидиро мебозад, ки айни замон дар курраи замин 96% аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ ва 90% – ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд. Ин ба зудии истифодаи интернет таъсир мерасонад: дар бештари ккишварҳои пешрафта хамаруза онро беш аз 70% аҳолӣ истифода бурда, ҳар гуна молҳо, хизматрасониҳо аз он ҷумла хизматрасониҳои давлатиро харидорӣ менамоянд . Таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ки дар соли 2021 Олмон, Британияи Кабир ва ШМА ба сегонаи бузург оид ба саҳми иқтисоди рақамӣ дар ММД ворид гаштаанд, ки ин рақам дар давлатҳои зикршуда беш аз 65%-ро ташкил додааст . Ҳол он ки дар соли 2017 саҳми иқтисоди рақамии ШМА дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳамагӣ ба 7% баробар буд. Дар соли 2021 ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин ба 39,8% баробар гашта он 7,1 трлн. доллларро ташкил додааст . Дар соли 2021 ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии 14 кишвари Осиё, аз он ҷумла Чин ба 39 фоиз расидааст. Чунин маълумотхо дар маърузаи профилии форуми Боао, ки соли 2021 интишор ёфтааст, оварда шудаанд. Ин рақам назар ба соли 2020 3,5% зиёд аст . Мубрамии мавзуи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар доираи таҳқиқоти мазкур бояд масъалаҳои зерин таҳқиқ карда шаванд: вазъи тадбиқи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна аст; Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тадбиқ ва рушди иқтисоди рақамӣ чи гуна саҳм гузошта истодааст; бо рушд ёфтани иқтисоди рақамӣ чи муаммоҳо барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ пеш меояд; тадбиқи иқтисоди рақамӣ дар ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ чи бартариҳо ва чи норасогиҳоро ба бор меорад. пешниҳоди роҳҳои бартарафкунии мушкилоти ҷойдошта дар самти пеш бурдани иқтисоди рақамӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ. Чи тавре ки муаллифони ватанӣ қайд менамоянд: «Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчун узви занҷиравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ низ бидуни рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамигардонии фаъолияти тамоми соҳаҳо дар асри нав тасаввур кардан аз имкон берун аст» . Дар асри нав мавқеъ ва сатҳи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дараҷаи рақамигардонии иқтисодиёт вобастагии зич дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай оид ба рушди соҳаи мазкур санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ, ки зербинои асосӣ барои бунёди як низоми комили иттилоотӣ ҳисоб меёбанд таҳия намудааст, аз он ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», №822 от 22.04.2012; Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2012-2020) аз 30 декабри соли 2011, №643; Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №624; Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, № 1174; Стратегияи рушди инноватсионӣ барои давраи то соли 2020. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №354 от 30 майи соли 2015. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» аз 24 декабри соли 2022, №1921; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586, Яке аз ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию ҳуқуқӣ бахшида ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, ки мо номгӯйи онҳоро номбар кардем, Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар ҶТ мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №624 қабул карда шудааст. Консепсияи мазкур ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, дидгоҳи умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамиро барои ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад. Дар ин консепсия зикр гардидааст, ки: «Ҷорӣ намудани васеъи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои «рахнакунанда» бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши рақобатпазирии байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисод модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи байналмилалиро ба вуҷуд меорад, ба табдили корхонаҳои мавҷуда ва рушди навъҳои нави истеҳсолот такон мебахшад, тамоюли содиротиро тақвият мебахшад ва ҳамзамон талаботи дохилиро тавассути воридотивазкунӣ қонеъ мегардонад». Аз моҳияти ин муқаррароти консепсия мо дарк менамоем, ки масъалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҶТ ниҳоят мубрам гардида истодааст, ки Президенти ҶТ низ оид ба ин масъала мавқеи худро дар Паёми солона аз 26-уми январи соли 2021 чунин баён намуд: «…масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем… …Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд». Аз ин хотир барои таъсиси як агентии алоҳида – Агентии инновация ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти ҶТ ба ҳукумат супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат саҳми соҳаи алоқаро дар татбиқи босуръати иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ намуда, дар Паёми солонаи худ аз 21 декабри соли 2021 супоришҳои мушаххас доданд: «…ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад». Ҳамин тавр Пешвои миллат аз соли 2020 сар карда дар ҳамаи Пайёмҳои худ муҳиммияти иқтисоди рақамиро дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маориф ва фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш, молияву бонкдорӣ ва ғ. қайд намуда, мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самтро ошкор ва барои бартарафкунию пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо тавсия ва супоришҳои мушаххас медоданд. Яке аз ҳуҷҷатҳои такондиҳанда дар татбиқ ва рушди иқтисоди рақамӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ҳисоб меёбад, ки он 22 июни соли 2023, таҳти №586 ба имзо расонида шуд, ки мувофиқи он аз 1 августи соли 2023 ҳама гуна хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ бояд амалӣ карда шаванд. Бояд зикр кард ки иҷроиши ин фармони Президенти ҶТ барои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа, дар байни шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ бо истифода аз таҷҳизоти технологӣ-коммуникатсионӣ ва хеле кам гаштани дараҷаи истифодаи пули нақд дар муомилот мусоидат намуд. Юлдошов Шоҳррух Омӯзгори фанни Назарияи иқтисодӣ- МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 2 Мубодила кардан