ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ, МАЪМУРИЯТИ МУАССИСА ОМӮЗГОРОН БО ДОНИШҶУЁНИ ХОБГОҲИ МУАССИСА

0 1

Вохӯрӣ бо иштироки Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб майори милитсия Шарифзода Абубакр Ислом ва нозири ҳамин хадамот сержанти милитсия Назаров Суҳроб Дустмуродович оиди масъалаи дар қайди мувақатии хобгоҳи гуштани хонандагони хобгоҳи муассиса, дур будан аз ҳурофотпарастӣ, бегонапарастӣ одобу рафтори намунавӣ доштан риоя намудани тартиботи хобгоҳ сухан намуданд. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон бо донишҷӯёни хобгоҳи муассиса суханронӣ намуда қайд намуданд, ки донишҷӯёни азиз Шумо барои хондан ва омӯхтани илму маърифат аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти минтақаи Кӯлоб ба ин ҷо бо мақсади аз худ намудани дониш омадаед. Кӯшиш намоед, ки дар рафти донишҷӯи рафтори комили намунавӣ ва саводи кофӣ дошта бошед. Шумо бояд ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани қадру манзалати зан ва духтар дар ҷомеа инчунин дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориҳои роҳбарияти муассиса арҷгузорӣ намоед. Шумо ҷавонон ояндасози давлату миллати тоҷик ҳастед, кӯшиш ба он намоед, ки бо худ дар рафти фаъолияти донишҷӯӣ дарсҳои худро ба куллӣ омӯхта бо як сари баланд ба халқу миллати худ ва падару модари азизатон хизмати шоён намоед.

Шӯъбаи тарбия

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.