ҲУМОЮН БОД ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК

0 0

Истиқлол волотарин дастоварди давлату миллати тоҷику тоҷикистониён мебошад, ки сӣ сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин воқеаи муҳиму тақдирсоз дар моҳи сентябри соли 1991 ба амал омаду 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт ин сана барои миллати тоҷик иди муқаддасу муборак маҳсуб меёбад.

Даврони Истиқлол барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардо ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демокративу ҳукуқбунёд интихоб намоем. Истиқлол барои мардуми кишвари мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи озодиву адолат, шиносномаи байналмилалӣ, муаррифгари арзишҳои миллӣ ва шарафу эътибор мебошад.

Бо шарофати Истиқлол кишвари мо соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид ва ин ифтихори миллат мебошад. Маҳз бо шарофати саъю талош ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғаму андуҳу ноумедӣ ва ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

Ин тантанаи бузурги ғалабаи некӣ бар бадӣ буд, ки халқи тоҷик гарму ҷӯшон ва ботантана истиқбол гирифт. Баъд аз Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд. Аммо душманони дохиливу хориҷӣ намехостанд, ки тоҷикон дар як фурсати кӯтоҳ ба сулҳ бирасанд. Онҳо зиндагии осоиштаи мардумро пайваста халалдор мекарданд.

Дар он лаҳзаи тақдирсоз, ки Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт, Худованд фарзанди фарзонаеро роҳбари давлати тоҷикон сазовор донист, ки бо нахустин суханронияш дар ин Иҷлосия дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун нишони садоқат ба халқу ватан парчами мамлакатро бӯсида, савганд ёд карда буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона, ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

Воқеан ҳам замоне, ки ин суханон баланд садо доданд, мардуми овораю бенавою раҳгумзада дар симои ӯ наҷотбахши худ, ситораи роҳнамои Ватану миллати худро диданд.

Сарвари давлат пайваста ҷаҳду талош мекард. Замоне ҷони худро ба хатар гузошта, декабри соли 1996 ба Хусдеҳи Афғонистон парвоз кард, бо мақсади ба Ватан бозовардани гурезагон ва бо роҳбарони мухолифин мулоқот кардан. Бори дигар исбот намуд, ки ӯ ба ваъдааш: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То гурезаи охирин ба Ватан бар нагардад, худро осуда тасаввур карда наметавонам», устувор мемонад. Сафари Сарвари Давлатро ба Афғонистон ҷуръати хос ва фидокории нодире номиданд.

Ин марди боҷуръатро дар андак муддат тамоми олам чун шахсияти серғайрати дар сар андешаҳои поки ватандӯстонадошта ва ташаббускору сулҳпарвар шинохт. Тарсу ҳарос аз ӯ дур шуда буд. Тайёр буд, ки барои ба савганди худ содиқ мондан ҷон ба хатар гузорад. Дар ҳар куҷо, ки мерафт, тухми Ваҳдат кишт менамуд. Ҳамаи монеаҳоро паси сар кард. Нуфузу обрӯяш дар олам боло гашт.

Барқарор намудани сулҳ дар саросари кишвар, фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ хизмати бузург ва қаҳрамони беназири хурду калони халқи тоҷик буда, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ақлу заковати бемисл ва ҷоннисориву роҳнамоии Сарвари кишвар аст.

Воқеан, сабру таҳаммул. ақлу хиради азалӣ моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Душманони миллати мо интизори аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат буданд. Бо заҳмату талошу муборизаи фарзандони фарзонаи Ватан кӯшишу ғайрати миллати тамаддунофар дар сарзамини мо сулҳу Ваҳдат тантана кард.

Сарвари кишвар дар яке аз баромадҳояш гуфта буданд: «Меарзад, ки бо чунин халқ ифтихор кунем ва ин гуна миллатро тоҷи сар намоем! Зеро чунин миллати шикастнопазир, сарбаланд ва хирадманд арзандаи самимитарин муҳаббату эҳтиром ва сазовори мақоми шоиста дар ҷомеаи башар аст,»

Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз мегӯем: Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик!

Бобошоева Ҳавасмоҳ

корманди китобхонаи МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.