Ҳамкории босуръати минтақавӣ яке аз ҷиҳатҳои асосии ҳалли масоили обу барқ мебошад. Мутаассифона, ин амал ҳанӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба назар намерасад. Гарчи кишварҳои минтақа баъди ба даст овардани истиқлолият тавонистанд, ки фаъолияти босуботи маҷмӯи хоҷагии обро дар шароити мураккаби давраи гузариш ба иқтисодӣ тавассути бо василаи ташкили як қатор ниҳодҳои минтақавӣ ва имзои якчанд созишномаҳои муҳим таъмин намоянд, дар минтақа барои ҳамкорӣ дар бахши истифодаи захираҳои обу барқ ҳанӯз захираи зиёде мавҷуд аст, ки метавонад ба ҳамаи кишварҳои дахлдор фоидаи зиёд орад.
Беҳдошти ҳамкорӣ дар бахши истифодаи оби дарёҳои сарҳадӣ, аз ҷумла рушди дипломатияи об, яке аз мавзӯҳои асосӣ ба шумор рафта, натиҷаи баррасиҳо аз рӯйи ин масъалаи муҳим дар Эъломияи Душанбе аз рӯйи масъалаи об, ки аз рӯйи натиҷаҳои кори он қабул шуд, инъикос ёфтаанд.
Барои таҳким бахшидани ин ғоя, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба рушди ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадӣ, ки дар онҳо беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ дорад, бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаъи Умумии СММ соли 2013 – ро Соли байналмилалии ҳамкории об эълон кард. Қабули ин қатънома муосибатҳои байнидавлатиро бешубҳа хеле беҳтар намуда, яке аз проблемаҳои об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мегардад.
Дар ҳақиқат, агар мо ҳамчун инсони комил як фарди сайёра мазмун ва моҳияти обро таҳлил намоем, об –муъҷиза, сарнавишт ва бақои бани башар аст. Воқеан об муъҷизаи офарндаи яктову беҳамтост, ки аз мавҷудияти хеш моро саодати шукри бепоён ва башорати ҳамду сано медиҳад. Обро асрҳову ҳазорсолаҳо ин ҷониб бузургони ақлу хиради ҷаҳон ва халқи тоҷик сарчашмаи зиндагӣ ва бақову баракати олами инсоният ва табиати зебою нотакрор, тараннум карданд. Агар оби нӯшокӣ тоза бошад, ба сарфакорӣ истифода гардад, хуруҷи ҳар гуна бемориҳо аз байн меравад. Чунин табиати нотакрори мамлакатамон бе ҳикмат офарида нашудааст, зеро аз дили кӯҳҳо ҳазорон рӯду чашмаҳо тавлид меёбанд ва худ сарчашмаи зоиши чандин наҳру наҳрчаҳо, дарёву дарячаҳо, ҷӯю ҷӯйборҳо мегарданд. Зиёда аз он, кӯҳҳои кишварамон хазинаи боэътимоди эҳтиётии барфу пиряхҳоянд, соҳиби умри дарозанд ва қудрату неруи ободкориву зиндагибахш доранд. Ҳамаи ин муъҷизоти оламу табиат барои инсон ва саодату эҳтиёҷи халқи тоҷик, тамоми тоҷикистониён эҳдо шудааст.
Меҳмонони берун аз кишвар ҳини сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обҳои зилолу ширин нӯшида, аз тамошои ин кишвари афсонавӣ аз ғояти ваҷду шодиву сурур сухан меронанд. Оби нӯшокӣ чун бақои зиндагӣ, сарчашмаи муқаддаси ҳама гунна ободиву ободонӣ арзёбӣ мегардад. Аммо мо борҳо шоҳид шудаем, ки дар ҷойҳои ҳар гуна, кӯчаву маҳаллаҳо, маркаҳои савдову бозорҳо, маҳалли фаъолияти кору зист, муассисаҳову корхонаҳо, таълимгоҳҳову хобгоҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сабаби саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ об беҳуда сарф мегардад. Дар ин самт чунин ҳолат аз тарафи кӯдакон ва ҷавонҳо бештар ба назар мерасад.
Ҳаминтариқ дар ҳаёт ҳар як қатра об ба шумор аст. Эътибори махсус ва таваҷҷуҳи алоҳида ба об, оби ҷӯйҳо аҳамияти калони тарбиявӣ касб мекунад, овози моро дар бобати тозаву покиза нигоҳ доштан, сарфаю сарфакор будани ҳар як узви ҷомеа дар истеъмолу истифодаи об қатъи назар аз хурду бузург, ба сатҳи баланди масъулият, хирад ва эътибори ҷиддӣ мегузорад.