Тибқи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14.05. 2016 ҳамасола дар Ҷумҳурӣ санаи 16-ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил мегардад.
Акнун чанд андеша аз таърихи ин санаи тақдирсоз барои миллат баён мекунем. Воқеан санаи 16-ноябр барои миллати тоҷик ҳамчун санаи воқеъаҳои муҳим эътироф мешавад. Маҳз дар таърихи 16- уми ноябри соли 1992 дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, пешомади санҷишҳои сангину вазнин барои миллат ин руйдоди сиёси ба вуқуъ омад. Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик дар таърихи 16- уми ноябри соли 1992 баргузор гардид. Дар ҳамин иҷлосия ба арсаи сиёсат шахсияте ворид гардид, ки ба кору пайкори хеш тавонист дар эъмори давлатдории тоҷикон нақши созгор дошта бошад. Танҳо садоқат, матонат, мардонагӣ ва қалби саршор аз меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба ватану меҳан доштани ин фарзона фарзанди миллат омили муҳими руйдодҳои мусбӣ дар таърихи тоҷикон аст.
Эмомали Раҳмон аз рӯзҳои аввали кориаш дар вазифаи Шурои Олии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, чунин суханонро иброз дошт.
«Ман фаъолияти худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», «Ман тамоми ҳастиамро барои барқарории сулҳ дар ҳар як оилаи тоҷик хоҳам бахшид.»
Ин суханон хоси он шахсе буд, ки воқеан ҷонфидои миллат бошад. Дар ҳақиқат вакилони мардуми дар интихоби худ хато накарда буданд. Ҳама он дастовардҳое, ки Тоҷикистон имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба даст овардааст аз шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад. Сиёсати нозукбинонаи ин шахсият мебошад.ки тоҷику Тоҷикистонро дар сиёсати байналмилалӣ муаррифи гардонид. Тоҷикистон имрӯз дар сиёсати ҷаҳонӣ на танҳо ҳамчун як кишвари рӯ ба инкишоф балки ҳамчун як давлатӣ ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Мо тоҷикон ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо зери парчами соҳибистиқлолӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба суи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорем. Бинобарин зарур аст, ки мо дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат боз ҳам мустаҳкамтар сарҷамъ бошем ва дар тадбиқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат саҳми худро гузошта, бо ин мақсадҳои нек ояндаи неки Тоҷикистонро бунёд намоем. Бо ифтихор ҳар яки мо бояд пайрави Пешвои миллат ва амаликунандаи сифатҳои накуи ин шахсияти бузург бошем.
Бо таманиёти бепоён кулли шаҳрвандони кишвари азизамро бо «Рӯзи Президент» ба солгарди баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-Шурои Олии Тоҷикистон табрику таҳният мегуям.
Бигузор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад.