НЕСТ БАРТАР ОШЁН АЗ ОШЁНИ ДӮСТӢ 0 2 Мубодила кардан Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги миллӣ ва таърихи қадимаи худ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик бо таълифи асарҳои оламшумул ва амалҳои ҷавонмардонаи худ мардумонро барои дӯстӣ, якдилӣ, амну амонӣ ва хулқу хӯи нек талқин менамуданд. Чунончи шоир гуфтааст: Нест бартар ошён аз ошёни дӯстӣ, Ин замин дорад шино бар осмони дӯстӣ. Ҳар камоне дар ҷаҳон як ранг дорад -ранги марг, Ҳафт ранги зиндагӣ-рангинкамони дӯстӣ. Ҳамзабонон садзабон гарданд аз як ҳарфи ҷанг, Гуфтугӯ дорад ҷаҳон бо як забони дӯстӣ. Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст, Ормони халқ бошад қаҳрамони дӯстӣ. Чун Сиёвуш дар дили оташ супорад имтиҳон, Он, ки охир мешавад соҳибқирони дӯстӣ. Хандаи гул, тобиши хуршед, ҷавлони насим, Зиндагӣ сад ранг бинмояд нишони дӯстӣ. Бо тани хокӣ чу шуд ҷони самовӣ ошно, Одамиро зинда медорад равони дӯстӣ. Рустам Ваҳобзода Дар ҳақиқат, дар замири миллати тоҷик дӯстӣ, якдилӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҷамъият шараён дорад. Дар даврони начандон дури таърихии миллати тоҷик сиёсатмадорон, чун Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсумов, Шириншо Шоҳтемур ва намояндагони фарҳангу адаб Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо нафарони дигар фарҳангу таърихи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ бо некӣ муаррифӣ намуданд. Аз солҳои аввали ба даст авардани истиқлоияти давлатӣ ба иқболи мардуми тоҷик чеҳраи сиёсиву фарҳангӣ – Эмомалӣ Раҳмон рӯйи майдон омад, ки тамоми анъанаҳои ниёгон, ки хоси фарҳанги миллӣ мебошанд, бори дигар эҳё ва барқарор карда шуданд. Яке аз рукнҳои хоси фарҳанги тоҷикон ин талқини дӯстӣ ва эҳтироми ҷамъиятӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз аввали ба даст гирифтани роҳбарӣ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт, ки дар доираи он бо ҳама кишварҳо робитаҳои дипломатӣ барпо намуда, фазои сулҳу дӯстонаро фароҳам сохтанд. Мисоли ин гуфтаҳо сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Қирѓизистон, ки санаи 12-13-уми март сурат гирифт, мебошад. Ҷумҳурии Қирѓизистон, ки аз аввали ба даст омадани итиқлолият бо Тоҷикистон муносибати дӯстона дошт, аз ибтидои асри ХХI то соли 2021 муносибатҳои ин ду кишвари ба ҳам дӯст тира шудан гирифтанд, ки ин рабт дошт ба номуайянии сарҳади давлатӣ. Аз соли 2021 ҷонибҳо талош намуданд, ки ба низоъҳои бисёрсола хотима бахшанд. Дар натиҷаи гузашткуниҳо ва бамувофиқадароии ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила масъалаи сарҳади давлатӣ ҳалли худро пайдо намуд. Хушбахтӣ ва фараҳмандии мардумони ду кишвари ҳамсоя мебошад, ки талошҳои созандаи сарварони Тоҷикистон ва Қирѓизистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров шароит фароҳам оварданд, ки санаи 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирѓизистон ба масъалаи сарҳади давлатӣ нуқта гузошта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Инчунин ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои дипломатии ду кишвар дигар санадҳо низ ба имзо расонида шуданд. Аз он ҷумла, • Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон; • Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ; • Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон; • Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027; • Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030; • Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон; • Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027; • Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027; • Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон; • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд; • Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ; • Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард. Маҳмудзода Қумринисо номзади илмҳои педагогии кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 2 Мубодила кардан