НАВРӮЗИ АҶАМ ЗИНДА КУНАД, ХОКИ КУҲАНРО

0 4

Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Бинобар ин дар гузашта тоҷикон ба ҷашни Наврӯз даҳ рӯз пештар омодагӣ медиданд ва Рӯзи навро бо шодиву фараҳ дар хонаҳову наврӯзгоҳҳо пешвоз мегирифтанд.

Ҳоло низ бо фаро расидани фасли баҳор ҳар як хонадони кишвари мо иди Наврӯзро бо расму оинҳои суннатии аҷдодӣ истиқбол мегиранд ва азизу гиромӣ медоранд.

Маросими ҷумҳуриявии таҷлили Ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки бо тасмими Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар Ҷумҳуриямон баргузор мегардад, шукӯҳу ҷалоли оини наврӯзӣ, посдории ганҷинаи пурарзиши фарҳангӣ ва сароғози моҳи фарвардинро боз ҳам афзун менамояд.

Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.

Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.

Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди истилои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд.

Аз ин нукта, Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшидааст.

Ҳоло иди Наврӯз дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрону Афғонистон, Туркия ва бархе аз мамолики арабӣ бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мегардад.

Воқеан баъди ба даст овардани истиқлолият мо суннати гузаштагонамонро идома дода, ба иди Наврӯз мақоми умумимиллӣ ва умумидавлатӣ додем.

Имрӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ин суннати деринаи аҷдодонамонро мардуми кишвар ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Тибқи таомули қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гардад; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд.

Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Дар маҷмӯъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо мебошад.

Ҳамзамон ҳифзи муқаддасоти миллӣ — мероси таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди бофарҳанг ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Дар урфият мегӯянд, ки «соле ки накӯст аз баҳораш пайдост». Бигзор Наврӯзи имсола барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли бобарори бунёдкорӣ ва фатҳу нусратҳои нав гардад.

Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» изҳор кардааст: Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағир хӯрда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме , ки чархи гардун ба гардиш омадаст, яъне аз он даврае, ки чамияти инсонӣ пайдо шудааст,тачлил мешавад.

Бо гузашти замон маросимҳои наврӯзӣ шомили орзую омоли бани башар гардидаанд.Масалан, маълум аст, ки адади “ҳафтсин” дар миёни мардум бо хосияти хеш муътабар дониста мешавад. Дар иди Наврӯз низ ин адад мақом пайдо кард ва дар рӯйи дастархони наврӯзӣ хӯрданиҳое мегузоштанд, ки бо ҳарфи «син» шуруъ мегарданд; сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак. Аммо бештар аз ин « ҳаштшин» маъмул буд: шаҳд, шакар,шир, шароб, шамшод.Ин рубоии мардумӣ ифодагари иддаои мост.

Дар қатори ҳамаи дастовардҳо, расму оинҳои наврӯзӣ низ эҳё гаштаву таҷлили он шукӯҳи тоза гирифт. Бо ибтикори Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ба ин Ҷашни бостонии мо мақоми байналмилалӣ дод. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Наврӯзе, ки аз гирудорҳои таърих гузашта, бегазанд ба мо расид. Наврӯзе, ки дар баробари истиқлоли давлатӣ барои миллати мо азизу гиромист, зеро истиқлол ба давлатдории деринаи мо дигарбора муҳри тасдиқ зада бошад, тавассути Наврӯз расму оинҳои бостониамон, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳастии моянд, эҳё ва ба оламиён муаррифӣ гаштанд.

Дар ин амри нек – ҷаҳонӣ шудани Наврӯз низ саҳми Пешвои миллат хеле барҷаставу бориз аст, ки ба таъкиди профессор Равшан Раҳмонӣ дар оғози садаи XXI таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун бедории табиат, муҳаббат, ваҳдат, дӯстӣ, пайванди мардумони гуногуни олам бештар шуд; ба ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, пайванди бештари муносибатҳои байни мардумони олам, таблиғи ғояҳои сулҳ ва ҳамҷавории кишварҳо нақши арзишманд бозидани Наврӯз таъкид гардид. Ва дар даҳсолаи аввали садаи XXI ваҳдати фарҳангӣ низ миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омад.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва зебову озода намудани манзилу макони зист мужда медиҳад ва аллакай дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин маърака босуръат ҷараён дорад. Дар баробари анҷом додани ин кори савоб барои парвариши минбаъдаи дарахтон масъулони соҳа аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

Файзалиева Навишта

Омӯзгори кафедраи “Акушери гинекологӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.