ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ 0 6 Мубодила кардан Хушо, Раҳмони ваҳдатофаринам, Ба халқу миллати тоҷик, қаринам… Гулафшонӣ насиби кишварам бод, Хазонатро Ватан, асло набинам! Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд. Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани маҳбубу зебо дорем ва дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризояту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Дилбар Мирзоева Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» 0 6 Мубодила кардан