ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ» 0 3 Мубодила кардан Санаи 15 апрели соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар ш.Кӯлоб» озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои С.Айнӣ» бахшида ба 147 солагии устод баргузор гардид. Донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Кенҷазода Марҷона донишҷӯи курси 2 ихтисоси «Кори табобатӣ», Юсуфзода Маҳбуба донишҷӯи курси 1 кори ҳамширагӣ зери роҳбарии омӯзгори кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» Зайдуллоева Шаҳноза фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоён, аз ҷумла Кенҷазода М., бо дипломи дараҷаи II-юм ва Юсуфзода М., бо дипломи дараҷаи III-юм сарфароз гаштанд. Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори адабиёти советии тоҷик, устод Садриддин Айнӣ бой ва қадимӣ будани адабиёт ва забони адабии тоҷикро таъкид намуда, навишта буд: «Халқи тоҷик дар боби адабиёти куҳна мозии намоён ва таърихи шоёни ифтихорро доро аст. Халқи мо пеш аз револютсия ҳам соҳиби забони адабии бисёр бой буд». С. Айнӣ дар тараққиёти забони ҳозираи тоҷик нақши бузурги ҷамъиятӣ ва таърихӣ бозидааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи забоншиносии тоҷик аввалин шахсе, ки оид ба масъалаи таърихи ташаккул ёфтани забони адабии тоҷик дар асарҳояш бештар таваҷҷуҳ кардааст, устод С.Айнӣ мебошад. Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, муаллифи асарҳои «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёдоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд мебошанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Валиева Ҳ.С. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан