ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

0 3

Аз санаи 5- уми май то 7-уми майи соли равон дар муассисаи рақами 45 шаҳри Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии » Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» шуда гузашт. Дар ин Озмун донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ донишҷӯи курси якуми ихтисоси кори фарматсевтӣ Шафоати Имомназар ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир донишҷӯи курси дуюми ихтисоси кори табобатӣ Кенҷазода Марҷона ҷойи сеюм ва аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон донишҷӯи курси дуюми ихтисоси кори ҳамширагӣ Ашӯрова Сайёра сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Маъмурияти муассиса ва коллективи омӯзгорони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» дар озмунҳои оянда ба шогирдон бурдбориҳо таманно доранд.

Маҳмудзода Қ. Н.

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.