ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

0 6

Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мегарданд, ки тақдири онро ба кулли тағйир дода, маданияти моддию маънавии онро дар як фурсати кӯтоҳ ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шавад.

Баъди соҳибистиқлол эълон шудани Тоҷикистон – дар як фурсати кӯтоҳи вақт хоинони миллат бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ, байни мардуми шарифи Тоҷикистон фитнаю ошӯберо андохтанд, ки ин кашмакашиҳо ба кӯшторҳои ҷонӣ оварда расонид.

Дар як фосилаи кӯтоҳи вақт аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд. Қисми бештари мардум, ҳудуди як миллион аҳолии муқимии Тоҷикистон аз хавфу тарси ҷон тарки Ватан карданд. Афғонистон – ватане, ки тайи солҳои тӯлонӣ ҷангҳои қабилавию кушторҳои авлодӣ ҷой дошта, маркази таълимотии ҳаракатҳои терористӣ ба шумор мерафт, як миллион аҳолии Тоҷикистонро дар ин ватан нотенҷу ноором, тоҷикони беватанро сарсону саргардон ва хавфи ҷон гардонид. Ҳазорҳо мардум, аз машаққату тангӣ, беватанӣ, гуруснагӣ, гармою сармои Афғонистони ҷангзада, ҷони худро супориданд.

Тоҷикистониён оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро, ки ба мардум таъсири манфи расонид, хуб дар ёд доранд. Аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз гардид. Ин фитнаву дасисаҳо аз ҳисоби нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва пешвоёни хориҷии онҳо боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид.

Вақте ки вожаи пурмаъною пурарзиши Истиқлолиятро ба забон меорем оромӣ, ободӣ, осоиштагии ватани азизамон ва қаҳрамониҳои Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон пеши назарҳо ҷилвагар шуда, рӯҳу равони моро ҳиссиёти шодию нишот ва раҳоӣ аз зулму ситам, умед ба фардои дурахшон фаро мегирад ва шунидани ин калимаҳо дили сардгаштаи мардуми ҷафодидаро дубора ба зиндагӣ гарм мекунад, лекин рӯзҳои сахту сангину нангини воқеаҳои солҳои 90 – уми асри гузашта, ки душманони миллату давлат аз он рӯзҳо истифода намуда, ҳоли мардумро табоҳ кардаву бедодгариҳову беадолатиҳоро ба мардум раво медиданд, ҳаргиз аз ёдҳо намеравад. Хоинони давлату миллат чунон вазъиятро ноором карда буданд, ки ҳатто вазифаи роҳбарии давлатро касе аз тарс ба уҳда намегирифт, дар як муддати кӯтоҳ чандин нафарон ба вазифаи роҳбари давлат таъин гардида дар кӯтоҳтарин муҳлат тарки вазифа карда, ҳатто фирор карданд. Нолаву фиғон, ғаму андуҳи падару модарон ки фарзандону наздиконашонро аз даст дода буданд, дили инсонҳоро решу умеди онҳоро аз зиндагӣ канда мекард.

Дар авохири ҳар садсола воқеоти муҳимми сиёсиву таърихии ҷаҳонӣ бавуқуъ пайваста, раванди зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеологии мардумони сайёраро тобиши нав медиҳад. Асри ХХ бо барҳам хурдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои соҳибистиқлол дар қораи Осиё ба охир расид.

Бо даст омадани истиқлолияти давлатӣ, мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти сиёсӣ оғоз гардид. Дар айёми издиҳомҳо, қатлу кушторҳо ва дар айёме, ки ҳанӯз ашк аз дидаҳо мерехту захму ҷароҳатҳо сӯзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилҳо нарафта буданд, тарафҳои мухолифро сари мизи музокирот овардану сулҳ бастан чандон саҳлу осон набуд.

Илова бар ин душманони дохилию хориҷии кишвар мехостанд, бо манофеи геополитикии худ ҳуввияти миллӣ, расму русум, таърих, забон ва фарҳанги куҳану миллии мардумро аз байн бурда, моро пойбанди идеологияи бегона намоянд. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ҳатто, хатари парокандашавии давлат ва миллат низ ба миён омада буд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шурои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти намояндагони мардумӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Ин Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, маҷмуан дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуда, дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, аз ҳама муҳимаш эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Хушбахтона, дар рӯзи сеюми Иҷлосия бахт барои миллати тоҷики азияткашидаи тӯли таърих хандида, офтоби эҳсону баракат барояш нуру сафо бахшиду чеҳраи нави сиёсии сарсупурдаи миллат – Эмомалӣ Раҳмонро сарвари ин миллат эълон ва эътироф намуд. Дар воқеъ ин Иҷлосия ба маънои томаш “Иҷлосияи тақдирсоз” буд. Чунки дар он тақдири ояндаи миллати тоҷик ва фанову бақои давлат матраҳ мегардид. Дар ҳалли ин мушкилот Эмомалӣ Раҳмон гаронтарин масъулиятро ба дӯш гирифта, ҳамчун сарнишини сафинаи тақдири халқи тоҷик, ин миллати бошарафу азияткашидаро натанҳо аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, балки ин сафинаро ба соҳили мурод расонид.

Дар ибтидои фаъолияти корӣ ба Сарвари ҷавону диловар муясар гардид, ки ба хотири ояндаи кишвар бо иттиҳоди мухолифини тоҷик пушти мизи музокира нишинад. Дар мушкилтарин шароити ҷараёни музокирот ин вазъияти ноорромии кишварро бо имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ 27-уми июни соли 1997 ба фарҷом расонид, ки ин яке аз хизматҳои асосӣ ва шоистаи муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Халқи тоҷик бо ҳидояту роҳнамоии Сарвари хирадманд исбот намуд, ки дар як фосилаи кӯтоҳ ба қудрати бузурги иродаи озодихоҳӣ ва неруи андешаву тафаккури зиндагипарастӣ ҳамаи ин вазниниҳоро аз сар гузаронд. Ғайрату кушишҳои Сарвари давлат махсусан дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи рушди босуботи кишвар мебошад. Асоситарини онҳо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самти тадқиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ: — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқворӣ ва саноаткунонии бо суръати кишар ба ҳисоб меравад.

Инчунин масъалаи инкишофи минбаъдаи илму маориф, забону фарҳанг, тандурустӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникӣ пайваста дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад.

Хулоса, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавлашро дар назди мардуми Тоҷикистон «Ман ба шумо сулҳ меорам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст ором нахоҳам шуд», бо ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифта, барои ба даст овардани сулҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешон гашта, пеш гирифтани сиёсати сулҳҷӯёнаро ба сарбаландӣ анҷом дод.

Маҳмудзода Қумринисо Нурали

муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.