ТАҲКИМИ МУКОЛАМАИ ФАРҲАНГҲО ВА ГУСТАРИШИ ҲАМРАЪЙӢ ДАР ДОИРАИ ИТТИҲОД

0 1

10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар маҳалли баргузории ҷаласа меҳмонони олиқадрро Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як-як самимона пазироӣ намуданд.

Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои калидие баррасӣ гаштанд, ки дар авлавияти сиёсати хориҷии кишварҳои иштирокдори ҳамоиш маҳсуб меёфтанд. Аз ҷумла, а) бӯҳрони Афғонистон ва ивазкунандаи воридот дар минтақа, ки дар ин мавзӯъ Владимир Путин бештар баёни андеша намуд; б) технологияҳои рақамӣ ва мушкилии одамон дар робита бо он, Қосим — Ҷомарт Токаев андешаҳои худро иброз дошт; в) дар мавзӯи тараққиёти гидроэнергетикӣ ва амнияти озуқавории минтақа, Садир Жапаров баромад намуд; г) Пешвои миллат аз афзоиши терроризм дар минтақа ҳушдор дода, андешаҳои худро дар ин мавзӯъ баён намуданд; ғ) раҳбари Туркманистон пешниҳод кард, ки ҷомеаҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо ҳам наздиктар ҳамкорӣ кунанд ва д) озодии рафту омад ва воридот аз кишварҳои сеюм аз мавзӯъҳои матраҳ аз ҷониби раиси Ҷумҳури Ӯзбакистон буд,[5] ки дар ҳамоиши нахусти “Русия ва Осиёи Марказӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Дар поёни мулоқот сарони давлатҳо Изҳороти муштарак қабул карданд.

Дар ин ҳамоиш Владимир Путин изҳор дошт, ки формати нави ҳамкорӣ “арзиши иловагӣ меорад”. Вай бовар дошт, ки “вазъияти афзояндаи мураккаб дар саросари ҷаҳон” ва дар минтақа боиси фаъол шудани механизмҳои ҳамкорӣ мегардад. Путин пеш аз ҳама ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуда, пешниҳод кард, ки занҷирҳои нави истеҳсолӣ ва таҳияи схемаҳои алтернативии логистика таҳия карда шавад.

Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуданд.

Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд.

Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштанд, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.

Бо ишора ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.

Муносибатҳои дуҷониба миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд то масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд.

Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла “сабз” ибрози омодагӣ карда шуд.

Қадамҳои навбатии дустонаи Тоҷикистону Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”.

Амалисозии тавофуқоти қаблан ба дастомада зарур шумурда шуд.

Ба истифодаи самараноки имконоти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфта шуд, ки мо бояд доираи муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитариро васеъ созем.

Ҳамкории наздики кишварҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид карда шуд.

Қазоқистон яке аз давлатҳоест, ки аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун як шарики стратегии наздик ба Тоҷикистон буд 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”. Муҳимияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд.

Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба зиёд намудани номгуйи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.

Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои башарӣ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг ҳам аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад.

Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” баён карданд.

Ҳамзамон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд.

н.и.п. дотсент Маҳмудзода Қ.Н.

муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.