Саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат мегардад
Эмомалӣ Раҳмон
Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат,ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024)
Дар таърихи башарият масъалаи тарбия, ба хусус дар миёни мардуми Шарқ масъалаи муҳим маҳсуб ёфта, ташаккули фаҳмишҳои маънавӣ аз он вобастагии калон дорад. Дар гузашта фарзандони барӯманд тоҷикон чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Умари Хаём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Румӣ ва даҳҳо дигарон, ки бо таълифи асарҳои ахлоқиву адабии хеш илми башариятро оро дода, ҳамчун дурдонаи илмӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин намояндагони илму адаби тоҷикон дар даврони муосир чун Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқи Раҳимзода, Сайдалӣ Вализода, Лоиқ Шералӣ ва даҳҳо нафарони дигар асарҳои ахлоқиву тарбиявӣ таълиф намудаан, ки дар ташаккули тафаккури ахлоқиву маънавии ҷавонон имрӯзҳо нақши муҳим мебозанд. Дар боби тарбияи кӯдак, илми муосир бахусус, педагогика таҳқиқҳои зиёдеро то имрӯз анҷом додааст. Воқеан илми муосир дар ин самт пешниҳодҳои зиёде дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо як паҳлуи тарбияи насли наврасро инъикос мекунад. Бо ин хотир чанд нуқтаеро аз пажуҳишҳои анҷомдодашуда баён мекунем.
Барои мисол; Мария Ментессорӣ (1870-1952) духтур-равонпизишк ва педагоги итолиёвӣ мегӯяд: “Кӯдак ин мавҷудоте мебошад, ки қобилияти мустақилона ташаккул ёфтанро дорад”. Педагоги маъруф Дмитрий Ростовский қайд мекунад, ки дили кӯдак монанди тахтае мебошад, ки барои навиштан омодааст; чизе, ки нависанда дар он бинависад, амсоли накӯӣ ва ё бадӣ, рости ва ё гуноҳ, ва ё чизи дигар, дар вай абадан нақш мебандад.
Тарбияи фарзанд кори қадимаи инсон буда, аз амали якҷояи се унсури асосӣ: калонсолон, кӯдакон ва муносибати байни онҳо иборат мебошад. Муносибате, ки байни калонсолон, яъне падару модар ва кӯдак дар самти таълим ва тарбия ба вуҷуд меояд, дар ҳар давру замон аз ҷониби дигар меъёрҳои иҷтимоӣ мавриди танзим қарор мегирифт. Яъне онро аслан дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ахлоқӣ, одати ва динӣ ба низом медароварданд.
Имрӯз, ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат буда, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти онҳо имконнопазир медонанд. Барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор уҳдадориҳо гузошта шуда, давлату ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим ҷидду ҷаҳд менамояд. Пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷониби Президенти мамлакат муҳимияти масъалаи мазкурро бозгӯ намуда, масъулияти волидайнро дар ростои муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар месозад.
Ҳамчун омӯзгори ҷавони касбӣ ва донандаи тамоми бурду бохти соҳаи маориф, солҳои охир то андозае паст шудани сифати таълиму тарбия, худро аз бори масъулият дур кашидани баъзе волидон ва таълиму тарбияро вазифаи танҳо омӯзгору мактаб арзёбӣ намудани афроди ноогоҳ, аз назари банданиз дур нест. Бинобар ин, иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳбаландии бузург қабул намудам .
Бузургони гузашта мефармоянд, ки дар чор чиз фиреб додан нашояд: омӯзиши илм, деҳқонӣ, дӯсти ва тарбияи фарзанд. Аз ин лиҳоз, таълиму тарбия аз тамоми шахсони масъул фидокориро талаб мекунад. Бояд донем, ки рукнҳои асосии таълиму тарбия-оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Бо ибораи дигар таълиму тарбия кори дастаҷамъист ва дар он бояд ҳама саҳмгузор бошад.