ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ 0 2 Мубодила кардан Ҳамасола дар саросари кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо рузи хотирмон мебошад. Аз соли 1991-ум сар карда соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва қабули нахустин Конститутсия баргузор гардид. Дар он давра Раҳмон Набииевич Набиев ва Қаҳор Маҳкамов ҳамчун раиси Шурои Олӣ интихоб гардида буданд. Моҳҳои майи соли 1992-юм дар ҷумҳурӣ буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ба амал омада буд, ки мардум ба бесарусомонӣ ва оташи ҷанг гирифтор шуда буданд. Ниҳоят 16-уми ноябр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар байни 186 ва 197 вакили ҳузурдошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд ва савгарди ӯро бо марроқи том гӯш карданд. «Ман кори худро аз сулҳ оғоз менамоям. Мо ҳамма ёру бародарем то ин, ки вазъиятро ором намоем». Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва аз оташи чанг раҳо ёфтанд. Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардуми тоҷикро аз давлатҳои дигар ҷам оварданд. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда ва гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муясар гардид, ки ба иваз гарави худ ҷони худро барои халқаш фидо намуд ва сулҳу ваҳдатро пойдор намуд. Ниҳоят 27-уми июни соли 1997-ум дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳи Тоҷикистон ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки мо мардуми тоҷик хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро фаромуш насозем. Мо халқи тоҷик вазифадорем, ки бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон бо худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ хизмат намоем. Аламхонова Сановбар Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 2 Мубодила кардан