ИҶЛОСИЯИ XVI -УМИ ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН – САҲИФАИ НАВИН ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

0 3

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мисли дигар Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба буҳрон гирифтор шуд.

Сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъиятро, метавон дар камҳавсалагӣ ва бетаҷрибагии сиёсии роҳбарияти Ҳукумати марказӣ ва давлатҳои иттифоқӣ донист. Ҳамон тавре,ки маълум аст, барҳам хурдани ИҶШС замина ва шароитҳое мусоидро барои соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ба вуҷуд овард.

Чунин шароит барои Тоҷикистон низ пеш омад.Солҳои аввали соҳибистиқлоли барои давлату миллати тоҷик,санҷишҳои вазнину сангинро пеш овард.Бархе аз ашхоси худноогоҳ,гӯруҳҳо,ташкилоту ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳатто давлатҳое манфиатхоҳ, бо пуштибони аз ҳаракату ҳизбҳое бо ном демократию исломи, барои ҳадафҳои нопоки худ, вазъи ҷумҳуриро ноором ва мураккаб гардониданд.

Чунин вазъияти ҳасосу хатарнок тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрванди фӯру нишонд.Алангаи ҷанги шаҳрванди дар минтауаҳои гуногуни кишвар фурузон шуд.Ҷомеаро фазои маҳсу ноумеди фаро гирифт вазъият то рафт мураккабтар мегашт.Чунин ҳолат тоҷикистонро ба парокандагӣ ва миллатро ба ҳоли нестшави рӯ ба рӯ кард. Ҳукумати бо ном “Муросои миллӣ” ки 10-май таъсис ёфта буд, коре карда натавонсит.

Дар кишвар авзои хеле печида ҳукмфармо гашт. Таҳдид, таҳқир, ғоратгарӣ, аз ҳама амалҳои нангин гаравгонгирӣ ва қатли шаҳрвандони бегуноҳ хеле авҷ гирифт. Ҳамаи ин воқеаҳои дар боло зикр шуда, аз он шаҳодат медод, ки вазъи мамалакат зери хатари ҷидди буд. Ҳеҷ як қуввае натавонист, ки пеши роҳи ин бадбахтиро гирифта тавонад.

Дар чунин вазъияти ноором бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ба амаломада, инчунин таҳкими давлатдории навини тоҷикон, масъалаи баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12 пеш омад.

Аммо бо сабабҳои маълум дар ин рӯзҳо, ин иҷлосия дар пойтахти Ҷумҳури баргузор карданаш имкон надошт. Ягона макони дар кишвар оромтар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Билохира тасмим гирифта шуд иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Ҳамин тавр кори иҷлосия аз таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви ноҳияи Хуҷанд баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 230 нафар вакилон, 197 нафарашон иштирок доштанд. Воқеан бо сабабҳои ноором будани қисме аз минтақаҳои ҷумҳурӣ гуруҳи вакилон дар Иҷлосия иштирок карда натавонистан. Ба ҳама мушкилиҳои ҷой дошта, нигоҳ накарда, кори иҷлосия то 2-декабр давом кард. Дар рафти иҷлосия 23-масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки аз рӯи ин масъалаҳо 74-санади меъёрӣ ҳуқуқӣ бо такмилӣ тамоми системаи сиёсии мамлакат қабул гардид.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар ин иҷлосия, бозхонди Раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров ва ба ин вазифа интихоби шахси дигар буд. Пас аз баҳсҳои тулони бо Қарори Шӯрои Олӣ А.Искандаров 19-ноябр аз вазифаи ишғолкардааш сабукдӯш карда шуд. Баъдан вакилон масъалаи интихобӣ Раиси нави шӯрои олиро муҳокима намуданд.

Ҳамин тавр дар натиҷаи пешниҳод ва овоздиҳии пинҳони аз шумораи 197 вакил, 186 нафар ба тарафдории номзадии вакили халқ Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аввалин суханронии худ иброз доштанд, ки “Ман кори худро дар ин вазифаи пурмасъулият аз сулҳ оғоз хоҳам кард”. Мардуми мо бояд ба якдигар ёру бародар бошанд. Ин суханро танҳо шахсе гуфта метавонист, ки воқеан фидоии миллат буд. Аз рузи аввали дар ин вазифа шуруъ карданаш, роҳбари давлат тамоми сайъю талоши худро барои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии кишвар равона кард. Дар ҳақиқат вакилони мардуми дар интихоби худ хато накарданд. Руйдодҳои минбаъда шаҳодати он буданд, ки ин иҷлосия дар таърихи давлату миллати тоҷик гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

Кору пайкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишвар шоистаи таҳсин аст. Дар чунин як фазои печидаи ноороми кишвар, ӯ худро гоҳ миёни сангарҳои гуруҳҳои мухолиф ва гоҳе миёни мардуми заҳматкаши кишвар гирифта, дар дили ҳамагон меҳру муҳаббат ба як дигар ва дӯст доштани ватану миллатро талқин менамуд. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихии XVI шӯрои олӣ ба тақдири миллатӣ тоҷик шахсиятеро бахшид, ки бо талошу ҷонфидоиҳои пайваста, кишвари азизамон Тоҷикистон ва миилатро аз гирдоби буҳронӣ берун биёрад.

Дар тули 33-соли сипари шуда аз ин воқеаи таърихӣ, вақт ҳамчун доввари ҳақиқӣ исбот кард, ки роҳи интихобкардаи вакилони мардуми дар ин анҷумани саодатофар роҳи дурусту воқеи буда ба тамоми аркони давлатдории навини тоҷикон заминаи мусоид гузошт.

К.Абдураҳмонов

сардори шӯъбаи илмӣ-методии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.