«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем». Эмомалӣ Раҳмон
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари амну осуда ва дар сатҳи байналмилалӣ ташаббускори масъалаҳои обу иқлим табдил дода шуд. Вазъи иқтисодӣ бошад, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда ба тадриҷ рӯ ба инкишоф ниҳода, бо қабул шудани стратегияҳои махсус аз ҷониби давлату ҳукумат ҳалли пурраи худро ёфта истодаанд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ шахсоне ба майдони сиёсӣ ворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимият бо мадади душманони берунӣ ва дохилӣ, дар кишвари мо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардиданд. Аз соли 1992, вақте ки дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олӣ ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд, чи гуна ин шахсияти таърихӣ барои аз вартаи ҳалокат баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳои муқобил ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Маҳз ба шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Аз ин рӯ, номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд ва ҳамчун шахсияти неруманди сиёсатмадор дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд. Ба андешаи мо чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи сиёсӣ ва олитарин намунаи миллат аст. Сулҳу ваҳдати деринтизор маҳз ба тавассути ин марди далеру шуҷоъ дар сарзамини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик қадам ранҷа намуда, оҳиста – оҳиста, зарра – зарра ба ҳам омаданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани сулҳу суботи сартосарӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини нозанинамон маҳсуб меёбад.