ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

0 10

Имрӯз, 15 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ташаббуси кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба 15-май “Рӯзи байналмиллалии оила” конференсияи илмӣ зери унвони “Муҳаббат–пойдории оила” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабини муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмиллалӣ номзади илмҳои педагогӣ-Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ, муовини директор оид ба тарбия Назирмадова Рисолат, Қосимова Назокат Қурбоновна-собиқ мудири шуъбаи САҲД дар шаҳри Кӯлоб, Раиси шӯрои кор бо занон ва духтарони муассиса Абдураҳмонова Гулчеҳра Нуруллоевна, Корманди хизматнишондодаи ҳукумати мамлакат Комилова Шафоат Темуровна ва ҳайати омӯгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабини бо як шукуҳу тантана баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бо иқдому дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдории оила ва ҳамчун пойдории давлат эътироф шудани он як зумра санаду қонунҳои дахлдор ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2015 дар ҷумҳури – Соли оила эълон гардид.

Нақши оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим, фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу субботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад.

Валиева Ҳусниябону Мудири кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.