КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТАЪРИХИ КОИНОТ»

0 3

Санаи 11.12.2025 тибқи нақша чорабиниҳои методии кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ» Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таърихи коинот» бахшида ба барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ» бо ибтикори омӯзгори кафедра Идиева Фаришта гузаронида шуд.

Дар кори Конференсия сардори шуъбаи илмӣ-методӣ-Абдураҳмонов К,, сардорби бахши сифати таҳсилот-Набиева Нодира, мудири кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ»- Раҳмонзода А.З, иштирок намуданд.

Мақсад аз гузаронидани ин конференсия дар он аст, ки баланд бардоштани савияи илмӣ-ҷаҳонбинии донишҷӯёнро бо дарки баланди илмҳои табиатшиносӣ, омӯзиши ҷирмҳову кометаҳои осмонӣ, донишандӯзӣ ва омӯхтани сайёраҳо ва радифҳои меҳвари осмон мебошад. Конференсия дар 5 бахш бо маърузаҳои актуалӣ ва илмӣ гузаронида шуд.

Дар қисмати поёни конференсия саволу ҷавобҳо нисбати таърихи пайдоиши коинот ва сайёраҳо гузаронида шуд. Дар фарҷоми конференсия як қатор донишҷӯён ва омӯзгорон бо ифтихорномаҳо қадрдони шуданд.

Раҳмонзода Али

Мудири кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ* -и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.