“Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳобарои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори марудми шарафманди Тоҷикистон аст”
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард”. Тоҷикистони азизи мо бо пешниҳодҳои ниҳоят муҳими худ дар Созмони Милали Муттаҳид тавонист, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор созад. Шумо воқиф ҳастет, ки суханронии Пешвои муаззами миллат дар минбари баланди СММ оид ба масъалаҳои об солҳои истиқлолият, маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ҷараён дошт, нуктаҳои ниҳоят мубрам дар ин самт ироа гардид.
Барои чӣ ба ин масъала Тоҷикистон аввалин шуда ташаббус нишон дод? Пеш аз ҳама кишвари азизи мо дар симои Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат сарнавиши ҷомеаи башарӣ бетараф нестанд. Дуюм ин аст, ки гармшавии иқлим метавонад дар ояндаи на чандон дур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод кунад, ки дар ин миён Осиёи Миёна низ истино нест. Азбаски мавзӯи имрӯза оид ба масъалаҳои Пиряхҳо аст лозим медонам, мухтасаран дар мавриди ин масъала изҳори назар намоям.
Дар замони ҳозираи, ки афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, таѓйирёбии иқлим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ яке аз муаммоҳои умдатарин ба шумор меравад. Воқеан, суръати афзоиши ин омилҳо ба дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳо бетаъсир намемонад. Имрӯз дар ҷаҳон давлатҳое мушоҳида мегарданд, ки дар онҳо таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ба мушкилии доѓи рӯз табдил ёфтааст. Дар асоси маълумотҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон қариб 750 миллион одам аз дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашад, зиёда аз 2,5 миллиард сокини сайёра аз шароити мусоии беҳдошт маҳрум аст. Тибқи арзёбии коршиносон – мутахассисони демографӣ, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад[2,c. 1]. Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оли СММ – 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали муттаҳид оид ба масоили об – ҳифзи пиряхҳо, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.
Бо ташаббуси Тоҷикистон аз тарафи СММ соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, аз оѓози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Мутобиқи қатънома, СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Инчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба масъалаҳои хифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки қабул карда шуд ва дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ, таълимӣ-тарбиявӣ, амалӣ дорад. Сарчашмаи асосии таъмин гардидани аҳолии кураи Замин бо оби нӯшокӣ ин пиряхҳо ба ҳисоб мераванд, аммо иддати таѓйирёбии иқлим ба ин манбаъи обӣ таъсири зиёд расонда, шуморае аз онҳо аз байн бурда истодааст[3,с. 2-6]. Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки аз гармшавии иқлим аз 14 ҳазор пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд. Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст.
Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км. кв масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Омӯзиши раванди пайдошавии пиряхҳо ва вобастагии динамикии таҳаввулу таназзули онҳо аз тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муосири илм маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки 19-тои он хеле бузурганд. Маҳз онҳо манбаи аслии оби дарёҳо ба шумор мераванд. Оби тозае, ки аз ин пиряхҳо ҷорӣ мешавад, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле зарур ҳастанд. Давоми даҳсолаҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим баъзе пиряхҳои калон хурд шудаанд. Ба таъкиди донишмандон, раванди обшавии пиряхҳо амали табиӣ мебошад, аммо давраи саноатишавӣ ин равандро суръат мебахшад. Тоҷикистон аз рӯи шумораи пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳарчанд пиряхҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави кишварро ташкил диҳанд ҳам (8476,2 метри мурабаъ), садҳо километри мукааб оби тозаро захира мекунанд. Қисми асосии пиряхҳо дар ҳудуди баландтарин қуллаҳои ҷумҳурӣ – Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгиранд.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон рӯдхонаҳои Амударё ва Зарафшонро, ки оби онҳо ба кишварҳои поёноб – Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешавад, бо оби тоза таъмин мекунанд. Аз ҳамин хотир аст, ки мегӯянд, қисмати асосии оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Тибқи иттилои “Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон”, баландии пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд ба 7400 метр аз сатҳи баҳр мерасанд. Пиряхҳои калонтарини Тоҷикистон дар ҷойи пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри 1 ва Ванҷу Язғулом ҷойгиранд. Бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Федченко аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки қисми асосии онҳо ба шарқи кишвар рост меояд[4, с.3]. Вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаи муҳит ва дигар сарватҳои табиӣ, инчунин хавфу хатари оқибатҳои даҳшатбори он ҷиҳати ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла пешвоёни сиёсии манотиқи олам аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳҳои гуногуни созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ маърӯзаҳои дорои аҳамияти глобалӣ ва барои ҳифзи аҳли башар нигаронидашуда пешниҳод гардида, якдилона ҷонибдорӣ ёфтаанд. Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад.
Ҳамзамон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километ ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Аз нимаи дуюми садаи XX инҷониб мушкилоти глобалии экологӣ, ба монанди тағйирёбии иқлими Замин, олудашавии ҳавои атмосфера, вайроншавии қабати озонӣ, ифлосшавии оби Уқёнуси ҷаҳонӣ, камшавии захираҳои оби нӯшокӣ, вайроншавии сохтору таркиби сатҳи хок, коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ, ҷойивазкунии экосистема ва таназзулёбии ландшафтҳо рӯз аз рӯз мураккабу печида мегарданд. Масоили мазкур ба ҳам алоқамандии мустақим доранд, аз ин рӯ, таҳаввул ё таназзули онҳо ба динамика ва дурнамои ҳамдигар бетаъсир намемонад.
Аз ин қатор, омили асосии тағйироти муосири глобалӣ тағйирёбии иқлим мебошад, ки тайи чаҳор даҳсолаи охир боз ҳам густариш ёфта, оқибатҳои онро тамоми аҳолии ҷаҳон эҳсос карда истодааст. Аз таҳлилҳои гидрометереологие, ки давоми солҳои 1970-2015 гузаронида шудаанд, бармеояд, ки ин тамоюл на танҳо боиси камшавии масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо гардидааст, балки ба афзудани офатҳои табиии марбут ба шароити гидрометеорологӣ оварда расонида истодааст. Аз нимаи солҳои 70-ум инҷониб гармшавии шадидтар мушоҳида карда мешавад. Вале мавҷуд набудани ақидаи ягона дар бораи сабабҳои гармшавии глобалии иқлим нишон медиҳад, ки мушкилоти мазкур то ҳанӯз масъалаи баҳснок боқӣ мондааст. Ба фарқ аз фарзияи аз ҳисоби афзоиши консентратсияи CO2 падид омадани гармшавии иқлим, гурӯҳе аз олимон равандҳои тағйирёбии иқлимро ба тағйир ёфтани тамоюли тири меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадори он алоқаманд медонанд.
Таҳлили маводи сарчашмаҳои маъмул нишон медиҳад, ки то ҳол равандҳои тағйирёбии иқлим дар қиёс ба фарзияҳои гуногун аз нигоҳи илмӣ хулосабардорӣ карда нашудаанд. Ба ибораи дигар, муаммоҳои тағйирёбии иқлим то ҳанӯз аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ ба таври возеҳ шарҳу тавзеҳ наёфтаанд. Дар асоси фарзияҳои мазкур, назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки равандҳои тағйирёбии иқлимро ба тамоюлҳои тектоникии қишри Замин алоқаманд меҳисобад. Литосфераи Замин тахтасанги бузургҳаҷме буда, аз ҳама тарафаш ба тарқишҳои сейсмикӣ ва тектоникӣ иҳота шудааст ва зиёда аз 90%-и сатҳи онро 13 лавҳаи калони литосферӣ пӯшонидаанд, ки онҳо низ дар навбати худ ҳаракат менамояд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон бар ин назаранд, ки васеъшавии лавҳаҳои тектоникии материкҳо боиси партови миқдори зиёди CO2 ба атмосфера тақрибан 56 млн сол қабл аз гармшавии шадиди глобалӣ гардидааст.
Дар ин маврид зикр намудан зарур аст, ки ҳарчанд ин тамоюл дар табиат хусусияти даврӣ дорад, вале пажӯҳишгарону коршиносон онро аз рӯйи нишондиҳандаҳои мухталиф ва дидгоҳҳои гуногун вобаста ба замон таҳлилу тадқиқ менамоянд. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарони моро зарур аст, ки дар чунин ҳолат вобаста ба мавқеи географӣ, хусусияти орографӣ, шароити метеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммоҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи ҷузъӣ, вале ба таври мушаххас мавриди арзёбӣ қарор дода, омилҳои ангезиш ва самтҳои пешгирӣ намудани онро дар робита бо арзишҳои илмӣ баён намоянд.Тоҷикистон дар тӯли давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист вобаста ба масъалаи марбут ба обу иқлим ва экология, ки яке аз мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ба ҳисоб мераванд, мавқеъ ва нуфузи худро ҳамчун мамлакати ташаббускори ғояҳои башардӯстона устуворона нигоҳ дорад ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ҳайси «кишвари пешсаф» саҳми муносиб гузорад.
Александр Пиров, муҳандиси Маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул аст. Ӯ мегӯяд, «пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст – иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Танҳо бояд пиряхҳоро назора кард Барои намуна аз калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ – Федченко мисол овард, ки дар Помир ҷойгир аст ва замоне се маротиба бузургтар буд ва дарозии он то Лахш (ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон) мерасид. Баъдан раванди обшавии он сар шуд ва ҳоло дарозиаш ба 70 км мерасад, баъди даҳсолаҳо бошад, 2 километри дигар кам мешавад». Ба гуфтаи Пиров, нақши асосии гидрологии пиряхҳо ташаккул додани маҷрои дарёҳои бузурги кишвар мебошад. Ҳарчанд ҳиссаи оби пиряхҳо дар маҷрои солонаи дарёҳои бузург ба ҳисоби миёна чандон бузург нест ва 10-20 дарсад (бе дарназардошти ҷараёни обшавии барфи мавсимӣ дар пиряхҳо)-ро ташкил медиҳад, аммо нақши пиряхҳо дар ин раванд ниҳоят муҳим мебошад. Пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ мебошад. Гузашта аз ин, ин чиз маҳз дар моҳҳое анҷом мешавад, ки кишвар ба об хеле ниёз дорад, яъне дар мавсими тобистону тирамоҳ.
Вақте дар куҳҳо майдонҳои пурбарф аллакай об мешаванд, навбати пиряхҳо мешавад – онҳо дар ҳаҷми кофӣ ба водиҳо об медиҳанд. 80 дарсади обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, тавассути дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя меравад. Пиряхи Федченко дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир буда, ба даҳгонаи бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон шомил мешавад. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, ки баъзеи он бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд (Бивачий, Наливкин, Витковский). Масоҳати он ҳамроҳ бо тамоми шохобҳояш 651,7 километри мурабаъ ва дарозии он 77 километр мебошад. Ҳамагӣ дар низоми пиряхи Федченко 45 пирях мавҷуд аст. Баландии шохоби болоии пирях ба 7480 метр аз сатҳи баҳр мерасад, охири забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2910 метр паст фаромадааст. Ғафсии ях дар қисмати болоии пирях марзи 800 метрро убур карда, ҳаҷми умумии ях, бо шумули шохобҳои он ҳудуди 130 километри мукаабро ташкил медиҳад.
Яхшиносони тоҷик даҳсолаҳост, ки ба омӯзиши он машғуланд ва тавре маълум шудааст, Федченко ҳаракат мекунад. Давоми тақрибан 40 соли мушоҳидаҳо маълум шуда, ки суръати миёнаи солонаи ҳаракати ин пирях аз 63 то 89 см дар шабонарӯз тағйир карда, ба ҳисоби миёна 73 см дар шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Ин тамоюл дар баландкӯҳҳо низ, ки қисми асосии пиряхҳо ва барфҳои кишвар ҷойгиранд, мушоҳида мешавад. Агар дар соли 1950 ҳарорати миёнаи солона дар ин ҷойҳо дар сатҳи -2,1 дараҷаи Селсия буд, пас дар соли 2020 он то -0,9 дараҷа боло рафтааст. Абдурашид Тағойбеков, сармутахассиси маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби гармшавии ҳаворо дар Тоҷикистон ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим рабт медиҳад. Мавсуф тағйирёбии босуръати иқлимро ҳалқаи сарбастае меномад, ки худи инсонҳо бо роҳи рушди саноатсозӣ, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи нафт, газ ва ангишт ба он таъсир мегузоранд. Агар ба таври мушаххас гӯем, дар атмосфераи замин гази карбон ва газҳои гулхонаӣ аз меъёр зиёд шуда истодаанд. Ин ҳолат таъсири нигоҳ доштани гармиро ба вуҷуд меорад ва имкон намедиҳад, ки ба атмосфера равад – замин гарм мешавад ва сабаби обшавии пиряхҳо ва дигар пайомадҳои манфӣ мегардад, ки бар асари онҳо одамон дар тамоми сайёра ранҷ мекашанд.
Бештар ҳодисаҳои табиӣ монанди хушксолӣ, сел, обхезӣ ва монанди ин ба вуқӯъ мепайвандад. Бисёре аз пиряхҳои хурди Тоҷикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба низоми обии баъзе дарёҳои Тоҷикистон, монанди Зарафшон Кофарниҳон, Қаратоғ, Оби хинг таъсир мерасонад. Чунин раванд ба мо ҳушдор медиҳад, ки ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, обшавии пиряхҳо ҳаматарафа омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Барои ҳифз ва самаранок истифода бурдани ҳамаи сарчашмаҳои оби ошомиданӣ барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳия ва татбиқ кардан аз муҳимтарин ҳадафҳо маҳсуб мешавад.
Таҳия ва бунёди механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва ҳифзи пиряхҳо ва мудирияти самаранокии онҳо яке аз вазифаҳои аслии олимон ва ташабусҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар маврид Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳи аваллиндараҷа дода истоданд. Мо аҳли таҳқиқро зарур аст, ки дар роҳандозии чунин табдирҳои беш аз пеш таваҷҷӯҳ намуда, барои барраси ва натиҷагирии масъалаи мазкур ҳамаҷониба кӯшиш намоем.Хулоса, нақши ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти умумиинсонӣ ва умумибашарӣ дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо беандоза калон буда, ҳалли он дар арсаи байналмилалию ояндаи рушди ҷаҳон, таъмини оби нӯшокии тоза аҳолии сайёра аҳамияти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ ва илмӣ доранд. Мо, олимон, мутахассисони соҳа об ва ҳифзи пиряхҳо, аз он ҷумла, ҳар як фарди сайёра, ҳамчун аъзои комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ каме бошад ҳам дар кори ҳифзи пиряхҳо саҳми худро гузорем, барои рушди ҷаҳон ёри расонида метавонем! Доналд Туск, Президенти Шурои Аврупо солҳои 2014 – 2019 ба нақши ташаббусҳои Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахои баланд дода қайд кардааст: “Иқдомҳои пайдарпайи ҷониби Тоҷикистон беназиранд, зеро киваре, ки дорои чунин манбаъҳои бузурги табиӣ мебошад, худро дар канор нагирифта, барои ҳалли мукилоти сокинони сайёра ѓамхорӣ мекунад”. Дар асоси ташаббусҳои бунёдкоранаи пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи байналмилалӣ дар давоми солҳои 1999 – 2024 дипломатияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таъсис дода, онро дар раванди идоракунӣ ва бо мақсад истифодаи аз заҳираҳои об ташаккул дода истодааст. Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ беандоза бузург аст.Пешвои миллат қайд каррданд: “Хотирнишон менамоям, ки ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”