ОИЛАИ СОЛИМ ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА 0 4 Мубодила кардан Омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оиладори яке аз қисматҳои муҳими тарбияи маънавии онҳо мебошад. Аз баски оила ва оиладорӣ масъалаи хеле муҳим аст, паҳлуҳои гуногуни онро олимони рӯҳшинос, ҷомеъашинос мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати ахлоқу одоби муошират, муносибатҳои оилавӣ бо зиндагии мустақил ва тарбияи фарзанд, омода намудани хонандагони синфҳои болоӣ бо ҳаёти оилавӣ рукунҳои маърифати оиладорӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин манзар омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ яке аз вазифаҳои мактаб ва оила низ мебошад. Омӯзиши сабабҳои вайроншавии оилаҳо нишон медиҳад, ки бештари онҳо аз сабаби тайёр набудан ба ҳаёти оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ин кор саҳми оила ва мактаб назаррас нест. Ба барномаи таълими дохил кардани дарси «Маърифати оиладорӣ» хишти аввалин дар сохтмони бинои муҳташами оиладорӣ мебошад. Умед аст, ки хонандагон тарзи сохтани ин биноро ба хубӣ сарфаҳм рафта, аз хишти аввал то ба охир девори рост сохта, дар он хушу хурсандона зиндаги хоҳанд кард. Оила муррабии аввалин, роҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ҳар як фард мебошад. Баъзе одату анъанаҳо, аз қабили муносибатҳои тарафайн, эҳтироми калонсолон ва тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳисси меҳмонавозӣ аз замонҳои қадим ба мо мерос мондаанд. Баъзе одату анъанаҳо дар одобу ахлоқи ҷомеа ва ҳаёти оилавӣ иникос ёфтаанд. Вале шумораи чунин оилаҳое, ки якчанд фарзандони оиладор ҳамроҳи волидайн зиндаги мекунанд, батадриҷ кам мешаванд. Агар дар оила якчанд писар бошад, волидайн баъд аз хонадор кардани фарзандашон онҳоро аз худ ҷудо карда ба зиндагии мустақилона дуояш медиҳанд. Оилаҳои ҷавон, ҳарчанд аз волидайн ҷудо зиндагони кунанд ҳам, зуд зуд ба дидорбинии онҳо омада, эҳтиромашонро ба ҷо меоранд, ба рӯзгори онҳо аз ҳар ҷиҳат кӯмак мерасонанд ва сазовори дуои неки волидайни хеш мегарданд. Сафаралиева Саодат Омӯзгори кафедраи «Тибби оилавӣ» 0 4 Мубодила кардан