Яке аз масъалаҳои умумибашарии замони имрӯза, ки тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Ифродгароӣ – экстремизм ва тундгароӣ-радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якчоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иктисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.
Дар замони мо телефонҳои мобилӣ яке аз воситаҳои асосии заҳролудсозии мафкураи ҷавонон гардидааст. Мо ҳеҷ гоҳ он ҳодисаҳое, ки дар Сурия байни мусалмонон гузашт фаромӯш карда наметавонем. Таассуфовар аст, ки ҳатто дар ин даргириҳои бемаънӣ ҷавонони тоҷик фаъолият карда, ҷони ҷавони худро қурбон карданд.
Ҳар як модар аз фарзанди худ умеди зиёде дорад ва аз Худованд талаби онро дорад, ки дар айёми пирӣ асои дасти модар гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ҳамеша таъкид месозад, ки тарбия намудани ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат ҳастанд, ба оила, мактаб ва ҷомеа вобата мебошанд.
Мавзуи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва ифродгароӣ аз тарафи олимон ва мухаққикон таҳқиқотҳои ҷиддӣ анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала равшанӣ андохта, роҳу воситаҳои баромадан аз ин мушкилотро пешниҳод намуданд.
Имрӯзҳо гарчанде, ки давлати мо пуриқтидор аст, бо вуҷуди он дар қаламрави кишвар сар задани ҳатто оддитарин амали хусусияти иртиҷои дошта ба эътибор ва обрӯйи давлат зарба зада, тарсу ҳаросро дар миёни мардум паҳн месозад. Баъзан шахсон барои халли мушкилоти худ хатто ба рафтору кирдори ношоям даст ба ҷиноят мезананд.
Аз ин лиҳоз, талош бояд намуд, ки амнияту тартибот дар сарсари кишвар ба таври шабонарӯзӣ таъмин бошад ва дар ягон гӯшаву канори кишвар амали ба терроризму экстремизм шабоҳатдошта сар назанад.
Бояд гуфт, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ шахсоне мебошанд, ки барои манфиати худ кор мебаранд. Онҳо мехоҳанд, ки ба сари қудрат биёянд ва барои содир кардани амалҳои террористӣ дар асоси ақидаҳои бардурӯѓи ифротгароёна ва сиёсӣ, шахсони гумроҳ ва бесаводро ҷалб намоянд.
Мо худ шоҳиди он ҷанги шахрванди будем, ки чандин наздиконамонро аз даст додем. Чандин модарон сиёхпуш шуданд, чандин фарзандон бе падар ва чандин наварусон хайрону зор монданд. Ин ҳам бошад сабаби ҷанги хамин гурӯҳҳое буданд, ки мардумро ба рохи нодуруст равона карда буданд.
Таҳқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки аз лиҳози паҳншавии идеологияи тундгароӣ ва назарияи экстремистӣ, муҳити динӣ аз ҳама зиёдтар осебпазир мебошад. Табдил гардидани муҳити динӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ва тундгаро шудани он аслан аз мухолифатҳои назариявии дохилимазхабӣ, ба кисматҳо ҷудошавии он дар асоси хузури исломӣ гайри анъанавии сиёсӣ, инчунин, нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон маншаъ мегирад.
Кишварҳои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мутаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.
Пас моро зарур аст, фарзандҳоямонро дар рухияи ватандустӣ, дустдоштани ин марзу бум, меҳнатдӯстӣ парвариш намоем, агар мо фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, тарбия карда тавонем, боварӣ дорам, ки фарзанди мо ҳеҷ гох роҳи нодурустро интихоб наменамояд.
Саидова Дилафрӯз Раҳимовна
саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.