ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

0 7

Дар шароити ҷаҳонишавии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Ба ин муносибат дар соҳаи муносибатҳои экологӣ ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намуданд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ба мақсади устувории экологии танҳо як кишвари алохида ноил шудан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад. Мо ин вазъиятро дар ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳои калонтарини минтақа ва ҷаҳон равшан мушоҳида мекунем.

Қайд кардан бо маврид аст, ки пиряхҳо массаҳои ях мебошанд ва он дар минтақаҳои кӯҳӣ бо барфи доимӣ ҷамъ мешаванд ва қисми поёнии онҳо мисли дарё оҳиста-оҳиста лағжида меоянд. Пирях дар шароити тадқиқи геологии водиҳо ва кӯҳҳо аҳамияти ниҳоят калон пайдо мекунад. Ҳамчун як далели ҷолиб, мо бояд қайд кунем, ки мувофиқи тарзи муайян кардани мафҳуми ҷуғрофияи физикӣ, ки бо номи пиряхология маълум аст, яке аз хусусиятҳои асосии он мавҷудияти яхбандӣ дар ҳарду нимкураи (Ҷануб ва Шимол) мебошад. Гумон меравад, ки пиряхҳо боқимондаҳои давраи охирини яхбандӣ мебошанд. Дар он вақт ҳарорати ниҳоят паст яхро маҷбур мекунад, ки ба марзҳои поёнтар равон шавад, ки иқлим ҳоло гарм мешавад. Дар бораи об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Ассотсиатсияи байналмилалии онҳое, ки ба мушкилоти мавҷудаи экологӣ бетафовут нестанд, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни таъсири экологӣ ба таъсири инсон ба табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Аз ҷумла, масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маврид ба ёдоварист, ки 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Дар видеоконфоронси сатҳи баланд ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Призиденти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об», Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ суханронӣ намуда, бо овардани далелҳои илман асоснокшуда ҳам ба иштирокдорони ин Ҷаласаи сатҳи баланд ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ба мушоҳида мерасанд ва ҳамзамон, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Пешвои миллат вобаста ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тӯли чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.

Зиёд будани шумораи ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Дар баромади пурмуҳтавои сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираи пиряхҳоро манбаи асосии оби нӯшокӣ баён намуда, омили асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карда буданд. Ҳамчунин зикр намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд.

Итминони комил дорем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат нуфузу эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи байналмилалӣ рушди устувору иқтисоди сабз ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.

Мусаллам аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.

Дар робита ба оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

Видеоконфронс, ки таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ба вуқуъ пайваста буд, пешниҳоди Сарвари давлати моро оид ба эълон намудани соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо қобили қабул дониста, ҳамчунин пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷиккистон оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро низ мавриди таҳлилу омӯзиши васеъ қарор дода буд.

Латипов Сафаралӣ Шералиевич

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.